Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар бо Робин Орд-Смит, сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон мулоқот кард.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, зимни дидор ҷонибҳо масъалаҳои иқтисод ва тиҷорат, ҷалби ширкатҳои бритониёӣ ба соҳаҳои мухталиф ва рушди соҳаи туризмро мавриди баррасӣ қарор додаанд. «Робин Орд-Смит зимни суханронӣ қайд намуд, ки ҳамчун сафир ҷиҳати рушди муносибот дар соҳаҳои мухталиф бо Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад кард»,-афзуд манбаъ.
Гуфта мешвад, муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир аз 15-уми январи соли 1992 оғоз гардида, самтҳои асосии ҳамкорӣ миёни ҷонибњо саноати кӯҳканӣ, саноати электротехникӣ, телекоммуникатсия, соҳаи бонкӣ ва туризм ба ҳисоб меравад.
Мӯҳр