Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар садри як гурӯҳ ба Федератсияи Русия сафар кард.
Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират ба Озодагон иттилоъ дод, масъулини хадамот ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи 11-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) оид ба масъалаҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва Шӯро оид ба сиёсати муҳоҷират дар Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди АвруОсиё ба он кишвар рафтаанд. Бино ба гуфтаи номбурда ҷаласаи мазкур имрӯз оғоз шуда, то 15-уми июни дома хоҳад кард.
«Дар ҷаласа равандҳои муҳоҷират дар давлатҳои аъзои ИДМ, тадбиқи Барномаҳои ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ оид ба мубориза алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои солҳои 2009-2011 ва як қатор масоили дигар баррасӣ хоҳанд гашт»,-афзуд номбурда.
Мӯҳр