Бахшҳо

Парламент: Тоҷикистон ба СҶТ мепайвандад

Имрӯз дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон чанд лоиҳаи қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул гардиданд.

Тавре Муҳаммадато Султонов, сухангӯи МН ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, зимнан лоиҳаи қонун «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба муҳокимаи вакилон пешниҳод шуда буд.   
Манбаъ афзуд, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудо Саймиддинов, вакилон Галия Рабиева, Шакарбек Самадов ва Бибидавлат Афзалшоева аз рӯи лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» суханронӣ намуда, мақсад аз таҳия ва пешниҳоди ин лоиҳаи қонунҳоро мутобиқгардонии онҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» арзёбӣ карданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» бошад, пас аз суханронии вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи мардумӣ Сафаралӣ Гулов қабул шуд.
Ҳамзамон, муовини вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллоев ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Амир Катаев роҷеъ ба масъалаи охири ҷаласа – лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» изҳори андеша намуда, иброз доштанд, ки лоиҳаи ин Қонун бо мақсади суръат бахшидан ба раванди дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо таҳия ва пешниҳод шудааст. Мақсади асосии ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» ин барои аз байн бурдани низоми миллӣ, ки дар моддаи 3 – Созишномаҳои Кулл оид ба тарофа ва савдо оварда шудааст ва яке аз принсипҳои асосии Созишномаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ба шумор меравад, мебошад.


Мӯҳр
Точ
Давлатдориро парламенти бикунем бисер хуб мешавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)