Бахшҳо

«Рисолати сулҳҷӯёна 2012» бо иштироки намояндагони СҲШ дар Тоҷикистон

Субҳи имрӯз даври ниҳоии машқҳои муштараки низомии зидди терористии ситодӣ-фармондеҳӣ таҳти унвони «Рисолати сулҳҷӯёна 2012» оғоз гардид.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати мудофиа даври ниҳоии машқҳои муштаракро сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), намояндагони дигари низомии кишварҳои аъзои СҲШ ва мақомотҳои ғайриҳарбии дохилу хориҷ назорат намуданд.
Дар ин машқҳо мақомоти ҳарбии идории низомӣ, ки ба ҳайати он гурӯҳҳои амалиётии Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои аъзои СҲШ ва ҷузъу томҳои таъингардидаи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва ҷумҳурии мардумии Чин ширкат карданд. Дар баргузории машқҳои муштараки зидди террористӣ беш аз 2,5 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзои СҲШ ҷалб гардида, ҳамчунин чархболу ҳавопаймоҳои ҳарбӣ, 300 техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, тупҳои навъи гуногун ва яроқу аслиҳаи мухталифи оташфишони ҳарбӣ истифода мешаванд.
Сарчашмаи хабар  илова намуд, ки ҳадаф аз баргузории машқҳои муштараки зидди террористӣ ин тарҳрезӣ намудани назару муносибати ягонаи кори мақомоти идории ҳарбии кишварҳои аъзои СҲШ дар ташкили амалиёти муштараки зидди террористӣ дар шароити куҳистон мебошад. Инчунин ҳамоҳанг намудани фаъолияти Ситоди муштараки муттаҳидаи амалиётии қушунҳо дар самти омодагӣ ва дар амал татбиқ намудани амалиёти зидди террористӣ, амалан таҳрезӣ намудану бо усули ягона идора кардани Ситоди муштараки муттаҳидаи қушунҳо, баҳри таъмини бехатарӣ дар минтақа, дар ҳамоҳанги ташкилу ба роҳ мондани амалиёти муштараки зидди террористии ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои СҲШ дар шароити куҳсор ва табодули таҷрибаомузӣ дар таҳия, ташкил ва баргузор кардани унсурҳои зидди террористиро дар бар мегирад.
Ёдовар мешавем, машқҳои муштараки низомии зидди терористии ситодӣ-фармондеҳӣ таҳти унвони «Рисолати сулҳҷӯёна 2012» аз 7-ум то 14-уми июни соли ҷорӣ дар машқгоҳи Чоруқдарони гарнизони ҳарбии  вилояти Суғд таҳти роҳбарии генерал майёр Эмомалӣ Собиров, фармондеҳи қушунҳои хушкигарди Тоҷикистон ҷараён дорад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)