Бино ба қавли Шафкат Саидов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Душанбе қабл аз ҳама вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, мувофиқ ба қарори дахлдори раиси шаҳр риояи тарифҳои аз 1 июни соли 2011 муқарраргардида, хатсайру фарҳанги мусофиркашонӣ баҳри ҳимояи ҳуқуқи мусофирон ва сокинон шаҳр мавриди баррасию таҳлил қарор дода шуд.
Зимнан, баҳри ташкили фаъолияти пурсамари субъектҳои хизматрасон, пурзӯр намудани назорати шаффофи ҷамъиятӣ, тақвияти корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ ва истифода аз потенсиали институтҳои шаҳрвандӣ дар ин самт, бо инобати феълан мақсаднок мувофиқ ба иҷрои қарори дахлдори раиси шаҳр аз тарафи радиоҳои «Азия-Плюс» ва «Ватан» назорати ҷамъиятии хатсайрҳои микроавтобсуҳои сектори хусусӣ ва рӯзномаҳои «Вечерний Душанбе» ва «Вечёрка» хатсайрҳои хизматрасонии корхонаҳои коммуналии «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3» ва «Троллейбус» анҷом гирифтан, аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев дар асоси мувофиқа муқаррар карда шуд, ки назорати ҷамъиятии хатсайрҳои микроавтобусҳои №№1, 2, 4, 44, 7, 8, 10, 25, 33, 52 ва 13, 14, 15, 16, 17, 18, 19, 28, 54 аз зиммаи комиссияҳои марбутаи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе гирифта, мутаносибан ба хабаргузориҳои интернетии «tojnews.tj», «ozodagon.tj», «pressa.tj», радиои «Имрӯз» ва телевизиони СМТ вогузор карда шавад.
Зимнан, раиси шаҳр аз роҳбарони васоити ахбори оммаи зикргардида даъват кард, ки ҳамкорияашонро бо ситоди шаҳрӣ дар доираи иқдомоти шаҳрдорӣ оид ба соли ташаббусҳои созанда ва масъулияти шаҳрвандӣ вусъат бахшида, таваҷҷӯҳи заруриро пеш аз ҳама ба он равона созанд, ки баҳри ҳимояи ҳуқуқи мусофирон муқаррароти аз 1 июни соли 2011 дар асоси қарори раиси шаҳр ҷоригардида: дар ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятӣ, новобаста аз шакли моликияташон, бо насби рақами хатсайри дар он арзиши роҳкиро аз ду ҷониб дарҷгардида, дар дохили нақлиёт нақшаи ҳаракату масофаи хатсайр, ҳангоми фаъолияти нақлиёт бо истифода аз гази моеъ дар дохил ва беруни он гузоштани аломати муайянкунанда ва телефонҳои корхона ё ҷамъиятҳои хизматрасон, ҳамчунин фурӯши чиптаҳо зери масъулияти роҳбарони корхонаҳо ва ҷамъиятҳои ба мусофиркашонӣ машғулиятдошта ташкил карда шавад, комилан риоя гардад.
Дар робита ба ин аз мусофирон хоҳиш карда шуд, ки дар мавриди истифодаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва пардохти ҳаққи роҳкиро нагузоранд, ки аз ҷониби ронандагон ҳуқуқҳояшон поймол карда шавад.
Вобаста ба гузоштани нуқтаи ниҳоӣ оид ба фаъолияти минбаъдаи микроавтобусҳои ба истилоҳ «Тангем», ки дар қарори марбутаи раиси шаҳр нисбати ҳамчун нақлиёти мусофиркашонии истифодаи умум қарор гирифтани онҳо таъкиде нест ва то имрӯз тибқи мушоҳидаҳо фаъолияти худсаронаи онҳо дар хатсайрҳо дида мешавад, ба масъулини соҳа дастур гардид, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин хулосаҳои дахлдори вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдоро унвонии шаҳрдорӣ ирсол намоянд.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Апрел 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 |