Бахшҳо

Бозгашти самбочиёни тоҷик бо пирӯзӣ. Аз Тошканди Ӯзбакистон

Самбочиёни тоҷик аз мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба ин навъи варзиш бо шаш медали тилло баргаштанд, аммо дар фурудгоҳи пойтахт кассе аз масъулин онҳоро пешвоз нагирифт.

Тибқи нақшаи баргузории чорабиниҳои варзишии Федератсияи байналмилалии гӯштини самбо аз 6-ум то 10-уми моҳи июни соли равон, бо иштироки варзишгарони 24 кишвари Осиё, мусобиқаи имсолаи қораи Осиё дар шаҳри Тошканди ҷумҳурии Ӯзбакистон баргузор гардид. Дар ин мусобиқа ҳайати мунтахаби гӯштини самбои Тоҷикистон таҳти роҳбарии Маҳмадшариф Сулаймонов, устоди варзиши Итиҳоди Шӯравӣ, барандаи чандин ҷоизаҳои байналмилалӣ, мураббии шоистаи Тоҷикистон ва ҳамзамон сармураббии тими мунтахаби самбои ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат карданд.
Зимни як нишати хабарӣ дар Душанбе изҳор гардид, ки  бо вуҷуди ҷой доштани мушкилиҳои зиёд варзишгарони тоҷик тавонистанд, ки дар ин чорабинии варзишӣ ҳунари хуб нишон диҳанд. Дар байни дастаҳои мунтахаби давлатҳои Осиё, ҳам миёни наврасон, ҳам ҷавонон, ҳам калонсолон ва инчунин дастаҳои духтарон ҳам дар ин се сину сол ширкат доштанд. Дар мусобиқи мазкур намояндагони дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонон байни мардон сазовори ҷойҳои намоён гаштанд.
Дар байни калонсолон бошад, Акмалиддин Каримов-барандаи дукаратаи чемпиони ҷаҳон байни наврасон ва ҷавонон, ҷоизадори ҷойи сеюми чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон дар ин мусобиқа аввалин бор дар вазни 57 кило миёни калонсолон баромад намуда, сазовори ҷойи аввал шуд. Дар байни ҷавонон паҳлавонон- Хушқадам Хисравов, Умед Раҳматуллоев, Комрон Устопиров дар вазнҳои худ ҷойи аввалро соҳиб шуданд. Бобоҷон Зоиров ва Зайналобуддинов зинаи сеюмро ба даст оварданд. Дар байни наврасон бошад,  Қиёмиддин Авазов, Нозим Охиров, Азизи Ризвон ва Қандилҷони Рустамзода сазовори ҷойи аввал шуданд.
- Дар ҳисоби даставӣ миёни наврасон ҷумҳурии мо ҷойи аввалро гирифт. Зеро  аз 9 вазн дар 4-тои он ҷои аввалро ишғол намудем ва дар таърихи гӯштини самбо ин гуна муваффақият аввалин бор ба даст омадааст,-афзуд Маҳмадшариф Сулаймонов  
Тафсилоти бештар дар ин мавзӯъ фардо ба нашр мерасад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)