Сарвари ин ҳизб бошад, Сергей Бабурин шинохта шудааст.
Дар ин бора сомонаи вазорати мазкур хабар медиҳад. Аз ин ба баъд Ҳизби Иттиҳоди умумихалқии рус ( "Российский общенародний союз") аввалин ҳизби миллатгарои расмӣ шинохта хоҳад шуд.
Ҳамин тариқ, дар майдони сиёсии Русия нерӯҳои миллатгаро метавонанд, озодона рақобат намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Сергей Бабурин яке аз миллатгароҳои ашаддӣ буда, соли 2008 ҳизби миллатгароеро бо номи Иттиҳоди миллӣ таъсис дода буд, ки баъдтар он ба иттиҳодияи ҷамъиятии Иттиҳоди умумихалқии рус табдил карда шуд.
То соли 2007 Иттиҳоди миллӣ Иродаи миллӣ ном дошта, дар интихоботи соли 2003 дар ҳайати ҳизби Ватан (Родина) ба Думаи давлатӣ ворид шуда, ҳатто Бабурин муовини раиси порлумони Русия интихоб шуда буд.
Мӯҳр