Райисҷумҳури Афғонистон зимни суханронӣ дар ҷаласаи вижаи парлумони кишвараш субҳи имрӯз изҳор дошт, ки ҳамарӯза аз 20 то 25 ҷавони афғон бар асари ҳамлаҳои мусаллаҳона мефавтад.
Ба қавли Ҳомид Карзай моҳҳои ахир мизони ҳамалот дар қаламрави давлати исломӣ афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи хабарҳои расида рӯзи чоршанбе дар шаҳри Хост, воқеъ дар шимоли Афғонистон дар пайи инфиҷоре, ки фидоии маргталаб дар роҳи корвони мошинҳои нерӯҳои афғон ва хориҷӣ анҷом дод, 21 нафар ба ҳалокат расида, 37 тани дигар ҷароҳат бардоштааст.
Бархе соҳибназарон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки эҳтимол дорад, баъди хурӯҷи низомиёни НАТО дар охири соли 2014 вазъият аз ин бадтар шавад.
Мӯҳр