Дар Тоҷикистон сарфи назар аз он, ки воридоти маҳсулоти нафтӣ ҳудуди 66 ҳазор тонна камтар шудаст, дар бозори сӯзишвории кишвар камбуди мол ба мушоҳида намерасад.
Масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар сӯҳбат бо «Озодагон» сабаби эҳсос нашудани камбуди молро дар бозори сӯзишворӣ, нисбатан кам шудани талаботи кишвар ба бензину сӯзишвории дизелӣ мегӯянд. Ба иттилои манбаъ дар кишвар бо вуҷуди камшавии воридот раванди арзонишавии сӯзишворӣ ҳам сурат гирифта истодааст. Масъулини Хадамот раванди арзонишавии сӯзишвориро ба се омил вобаста гуфтанд. Аз ҷумла, гаронишавии бензин соҳибони воситаи нақлиётро водор намудааст, ки дастгоҳи бо гази моеъ фаъолияткунандаро дар мошинашон насб намоянд. Дар натиҷа талабот ба бензину сӯзишвории дизелӣ кам шуд. Масъулини Хадамот таъкид мекунанд, ки истеъмолгарони сӯзишворӣ дар Тоҷикистон сарфакор шудаанд. Омили дигари арзонишавиро масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ тағйир ёфтани самти воридоти сӯзишворӣ меноманд, ки аз Туркманистон зиёд гардидаст.
Дар маҷмӯъ, тибқи иттилои расмӣ тайи панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ ба кишвар ҳудуди 150 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудаст.
Мӯҳр