Бахшҳо

Давлат баъди тақсимбандии «Барқи тоҷик» назорати соҳаро аз даст доданӣ нест

Масъулини энергетикаи Тоҷикистон бо назардошти стратегӣ будани бахши  энергетикӣ изҳор медоранд, ки баъди тақсимбандии ширкати «Барқи тоҷик» ба се сохтори алоҳидаи мустақил, дар назар аст, ки 51 фоизи саҳмияҳои ин се ширкат  дар дасти давлат боқӣ хоҳанд монд.

Раҳбарияти  «Барқи тоҷик», мегӯяд, ниҳодҳои энергетикии кишвар, аллакай барои татбиқи қарори ҳукумат аз 30 -юми августи соли 2011,   «Дар бораи нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори  ШСХК «Барқи тоҷик» барои солҳои 2011 – 2018», як қатор санадҳои меъёриро таҳия намуда, дар ҳоли татбиқ қарор доранд.
Ба иттилои манбаъ ширкати «Барқи тоҷик» ба се сохторе ҷудо мешавад, ки аз ҷиҳати ҳуқуқӣ мустақил буда, яке зери тобеи дигаре нахоҳад буд. Аз се ширкате, ки дар натиҷаи таҷдиди сохтори «Барқи тоҷик» пайдо мешаванд, яке ба истеҳсол, дуюмӣ ба интиқол ва сеюмӣ ба тақсими барқ машѓул хоҳад гашт.
Қаблан Шодӣ Шабдолов, узви Кумитаи энергетикаи парлумони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо «Озодагон»  амалишавии даъвати бархе аз созмонҳои байналмилалиро оиди хусусигардонии корхонаи «ТАЛКО» ва ширкати «Барқи тоҷик» роҳи мустақим ба фалокат номид.
Ба гуфтаи Шабдолов, дар сурати  хусусигардонии «Барқи тоҷик», ҳолати Қирғизистон, ки мардум аз кӯҳу дашт омада, ҳукуматро чаппа карданд, дар Тоҷикистон ҳам такрор хоҳад ёфт. Ӯ мегӯяд, аксаран маслиҳатҳои созмонҳои байналмилалӣ ба зарари Тоҷикистонанд:
«Тавсия медиҳанд, ки инро фурӯшед, онро қисм-қисм кунаду хусусӣ намоед. Дар ҳоле, ки дар худи Аврупо аксари корҳо зери назорати давлат қарор доранд. Ҳатто буҷет тибқи нақша барои 5 сола тартиб дода мешавад».
Шабдолов мӯътақид аст, ки дар сурати хусусигардонии ҷузъҳои алоҳидаи низоми энергетики кишвар, парешонӣ ба вуҷуд хоҳад омад: «Хусусӣ кардан, маънои соҳиби мулк шудан аст. Тасаввур кунед, ҷузъҳои алоҳидаи низоми энергетикиамонро, аз ҷумла хати интиқоли Ҷануб – Шимол ё нерӯгоҳи Норакро касе харида, боз ба Покистону Афғонистону дигар кишварҳо фурӯшад. Иқтисоди кишвар фалаҷ мешавад».
Шабдолов мегӯяд, тиҷорикунонии низоми энергетикӣ қобили дастгирист: «Бигзор ба се ниҳоди алоҳидаи мустақил, ки яке ба истеҳсол дигари ба интиқол ва сеюмӣ ба фурӯш машғул бошад, тақсим гардад. Аз нигоҳи идораи молию маъмурӣ мустақил бошанд вале дар маҷмӯъ бояд зери назорати давлатӣ боқӣ монанд».
Барои назорати нархгузориҳо дар бозори энергетикӣ Шабдолов пешниҳод менамояд, ки як комиссияи махсусуси назоратӣ таъсис ёбад, ки ин таҷриба ба гуфтаи ӯ дар ҷаҳон маъмул аст.


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)