Бахшҳо
29 июн 2012 04:55Хабарҳои ҷаҳон

Урдуғон: Туркия қасди иқдоми низомӣ алайҳи Сурияро надорад

Раҷаб Тайиб Урдуғон, нахуствазири Туркия дар ҷарёни суханронии худ дар як ҳамоиши низомӣ таъкид кард, ки Туркия дар ҳоли ҳозир қасди ҳамла ба Сурияро надорад.

Вай идомаи дод, ки Туркия дар қиболи дигар кишварҳо аз худ рафтори хасмонае нишон нахоҳад дод, аммо дар айни ҳол посухи Туркия дар сурати такрори таҳаррукот, қотеъ хоҳад буд.
Натоиҷи ҷадидтарин назарсанҷиҳои анҷомшуда дар Туркия, ки тавассути маркази мутолиоти сиёсати хориҷа ва иқтисоди ин кишвар мунташир шудааст, беш аз ниме аз мардуми Туркия мухолифи мудохилаи эҳтимолии низомии Анқара дар Сурия ҳастанд.
Урдуғон дар идомаи суханони худ таъкид кард: «Мо дар оянда ҳеч фурсатеро барои дарс додан ба давлати Сурия аз даст нахоҳем дод. Давлате, ки тамоми машрӯъияти худро бо эҷоди ваҳшат ва террор дар байни мардумаш, аз даст дода ва саъй дорад қудрат ва бузургии Туркияро имтиҳон кунад».
Сурия дар таърихи 22 июн эълом кард, ки неруҳои ҳавоии ин кишвар як ҷангандаи  мутаҷовизи "Ф-4" Туркияро бар асоси қавонини ҳоким дар чунин шароите дар ҳарими ҳавоии худ соқит карда аст.
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Сурия дар конфронси матбуотӣ, дар таърихи 25 июн дар Дамишқ эълом кард, ки ҷангандаи Туркия ҳарими ҳавоии Сурияро нақз кард ва дифоъи ҳавоии Сурия низ дар иваз ба рӯи ин ҷанганда оташ кушод ва ин ҳавопаймо дохили обҳои марзи Сурия суқут кард.
Бо ин ҳол, Раҷаб Тайиб Урдуғон, нахуствазири Туркия  дар суханронии худ дар таърихи 26 июн дар порлумони кишвар мудаъӣ шуд, ки Анкара бо ирода ба ин иқдоми Сурия муқобила мекунад ва иқдомоти лозим барои таъин замон, макон ва равиши худро амалӣ мекунад.
Ин изҳороти Урдуғон дуруст дар ҳамон рузе эълом шуд ки Башор Асад, раисҷумҳури Сурия бо ишора ба ин ки Сурия дар тамоми шароити воқеъии якҷанга ба сар мебарад, ин тавр эълом кард: «Замоне, ки кишвар дар ҳолати ҷанг аст, тамоми сиёсатҳо ва қобилиятҳои мо бояд барои тазмнини пирузӣ ба кор гирифта шавад».

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)