Бахшҳо
30 июн 2012 04:41Адабиёт

Дар сӯги дӯст…

Солҳои охир бештар шефтаи ислом ва ирфон буд. Ба ман ҳам ишораҳо мекарданд, ки бояст ба таври ҷиддӣ ба ислом рӯй овард…

Китобу мақолаҳои илмии  Абдуманнон сафҳаи тозае дар суханшиносии тоҷик  боз намуд. Устод Абдуманнон Насриддин аз камтарин муҳаққиқонест, ки дорои мактаби илмӣ буд. Дар муддати нисбатан кӯтоҳ  беш аз 20 нафар шогирдони ӯ  бо муваффақият поённомаҳои  хешро дифоъ намуда ановини илмӣ дарёфт намуданд. Дареғо ки миқрози аҷал таноби умраш бибурид ва ҳамаи шогирдону дӯстонашро ба сӯг нишонд. Нақшаҳои фаровони пажуҳишӣ ва омӯзишии эшон амалӣ нашуд…
ӯ аз нахустин касоне буд, ки донишкадаи забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳи Хуҷандро ба яке аз марокизи ҷиддии омӯзишӣ ва ъилмию пажуҳишӣ табдил дод ва тавонист теъдоди чашмгире аз ҷавононро биёбад ва аз эшон муъаллим ва ъолим тарбият кунад. Аз камтарин устодон аст, ки дар муддати кутоҳе шогирдони хубе тарбият кард, ки ҳам акнун, ба умеди худо, кору пайкори ӯро идома хоҳанд дод.

Агар дар бист соли охир дар адабиётшиносии тоҷик пажуҳишҳои ҷиддие анҷом шуда, бо итминони комил метавон гуфт, ки  ағлаби онҳо  ҳамонҳоест, ки  бо ибтикор ва таҳти назари устод Абдуманнон  сӯрат гирифтааст.… Ин ҷо метавонам бо далоили раднопазир ва бо зикри номи шогирдони эшон ва корҳои анҷомшуда ва китобҳои нашршуда сӯҳбат кунам, вале ин масъаларо дар мавриди дигар ва дар ҷои дигаре ва дар фурсате муносибтар матраҳ хоҳам кард. Устодони тавонои донишгоҳи Хуҷанд амсоли Матлубаи Мирзоюнус, Носирҷон Салимзода низ ба наҳве аз шогирдони Абдуманнонанд ва пеши эшон дарси таҳқиқ  ва омӯзишро фаро гирифтаанд ва бо ифтихор ӯро устод  мехонанд. Абдуманнон устоди раҳнамои шоъир ва муҳаққиқ  Нуръалии Нурзод ва теъдоди зиёди муҳаққиқони ҷавону умедбахш амсоли Саидумрон Саидов, Тоҷибой Келдиёров, Ҳалимчон Зоиров, Мухлиса Нуруллоева, Мавчуда Урунова, Бахтиёр Хамдамов, Суруш, Адиба, Гулноз (аз шоирон), Маликнеъмат Неъматов, Махмадшо Махмадшоев, Ромиз Абдуллоев ва дигарон буданд. Хоҳари азизи мо, шоири беназири Тоҷикистон, Фарзонабону низ, ифтихори шогирдии Абдуманнонро доранд. Абдуманнон, дар ҳамин солҳое, ки сухан хору залил ва шеъру адаби мо уфт карда буд, махфили  "Ганҷи сухан" ро таъсис мекунанд, ки он ба як маҳфилӣ ҷиддии аҳли адабу аҳли ъилм табдил меёбад ва моҳе як бор  нишастҳое баргузор мекунад. То кунун ин маҳфил 93 нишаст баргузор карда аст, ки кам нест.

Дар ин маҳофил аз саросари устони Суғд аҳли фазлу адаб ширкат меварзанд ва ман аз бисёр дӯстон шунидаам, ки  нишастҳо  ҳамеша  пурмуҳтаво ва муназзам баргузор мешавад. Ҳосили ин нишастҳост, ки солона маҷмӯае  таҳти унвони "Армуғони Ганҷи сухан" интишор меёбад. Дар маҳофили мазкур шоъири бузурге ва ё нависандае аз бузургони адаби форсӣ муъаррифӣ мешавад, касе дар бораи ӯ суханронӣ мекунад, матнҳое шарҳу тафсир мешаванд ва адибоне намунаи осори хешро ироа мекунанд. Дар ин маҳфилҳо  ағлаби адибони мантақа ширкат меварзидаанд… Ва аз баракати ҳамин талошҳои Абдуманнон буд, ки чароғи илму адаб  дар Хуҷанд, дар давоми ду даҳаи охир рӯз аз рӯз рӯшантар мешуд… Ҳоло умедворам шогирдони бародари фақиди мо, ин суннати хуҷастаро идома хоҳанд дод…

Шояд тасаллои дили мо ин бошад, ки бародари азизи мо,
Абдуманнон, ки пас аз умри на чандон тӯлонӣ, вале пурбор ва пурбаракат, ҳаёти пурзаҳмату корномае дурахшон ба раҳмати эзадӣ пайваст ва рӯҳи баландаш аз ъолами хокӣ ба малакути аъло раҳсипор шуд, ба илму маъорифи Тоҷикистон хадамоти арзандае кард, шогирдони фаровоне тарбият намуд, осори арзишманди илмӣ дар риштаи пажуҳиши адабиёти тоҷик бар ҷой гузошт… ӯ соҳиби ибтикороти бадеъ дар заминаи пажуҳиши шарҳҳо ва тафосири мутуни адабӣ буд…
Инсоне вораста, фозиле покниҳод ва мусулмоне мутадайин буд… Аз вежагиҳои олимӣ ва маърифатгароияш гузарем, Абдуманнон, аз назари фазилат ва ахлоқи инсонӣ низ, камназир буд. Дар хилоли анбӯҳи осораш ҳеч мунозираи қаламӣ, ё интиқоди тунди нораво аз касе, ё навиштае, дида намешавад. Ҳеч кас хашмгин шудани ӯро надида буд… мазҳари ворастагӣ ва тавозӯъ буд. Аҳли гурӯҳбозӣ ва мурид ҷамъ кардану таблиғот ба нафъи худ, набуд! Афсӯс, ки мо дар солҳои охир шоҳиди чунин рафторҳои ношоиста будаем. Дидем, ки баъзеҳо аз ҳамин роҳҳои нораво, узви Фарҳангистони ъулум, барандаи ҷавоизи давлатӣ ва ғ. шуданд …

Ва аммо, бародари азизи мо,  мақому шӯҳрате ҳам, ки ёфт, мунҳасиран ҳосили дониш ва шахсияти худаш буд. Вай на танҳо олиму донишманди фарзона буд, на фақат ошиқу дилбастаи фарҳангу тамаддуни мо буд, балки кореро, ки анҷом медод, бо ишқу алоқаи хоссе  анҷом медод, ва як рӯҳи фароирфонӣ дар вуҷудаш буд, ки дар ҳеч амре сахтгир набуд, ва дар тамоми даврони зиндагии хеш таъодулро муроъот мекард ва ба усуле пойбанд буд, ки аз ҳеч фарде кин ба дил намегирифт. Боре ба ман гуфт, бародарҷон, (ҳамеша дар муносибат ба банда ин таъбирро ба кор мебурд!) ман Шуморо ба хотири он дӯст медорам, ки ҳамеша ҳарфи дилатонро рӯирост, мегӯед, вале ба касе кина надоред… ва ҳатто касонеро ҳам ки дар ҳаққи Шумо бадӣ карда бошанд, мебахшед ва бадиро зуд аз ёд мебаред… Гуфтам, Шумо лутф доред, вале медонам, ки худатон айни ҳамонед, ки гуфтед, фақат як тафовут аст, ман ҳар чизе, ки  ба назарам, беадолатӣ, беинсофӣ, номардӣ ва ғ. бошад, ошкоро мегӯям ва бароям фарқ намекунад, пушти қазия кист, фикр мекунам набояд хомӯшӣ гузид, яъне  "Фош мегӯяму аз гуфтаи худ дилшодам…" ва Шумо бошед, таҳаммул мекунед ва шикебоиро пеша мекунед. Бародарам, механдад ва бо таъбири зебоӣ хеш мегӯяд : нахоод, ина бинед аа… ман дар ин бора фикр накардаам…Дар асл рафтори Абдуманнон бисёр нарм, самимӣ ва боадабона буд, гузашта аз ин комилан як суннатӣ тоҷикона буд… Дақиқан мисли ҳамон "нармию тоҷикӣ" буд, ки Мавлоно мефармуд. Ман мегӯям, муҳим ин аст, ки ҳаргиз некиро фаромӯш накунем, бадиро бояд зуд фаромӯш кард. Эшон розӣ мешаванд ва ҳарду аз адабиёти пурборамон қитъаҳоеро дар таъйиди гуфтаҳоямон меоварем.

Абдуманнон  ба шогирдон ва кормандонашон, аз ҷумла ба муаллимони курсии адабиёти классик, ки мудирияти онро бар душ доштанд, рафтори меҳрубонона ва ъутуфатомез доштанд. Дар сафарҳои илмии хеш ба хориҷ аз кишвар, ки ман  борҳо ҳамроҳашон будаам, дар Ирон, Руссия, Қазоқистон ва…медидам, ки дар китобхонаҳо ва китобфурушиҳо дунболи манобеъе мегашт ва пасон ба ман эътироф мекард, ки барои фалонӣ меҷӯям, ки дар ин мавзуъ пажуҳише анҷом медиҳад ва имкони дастрасӣ ба ин китобҳо барояш сангинтар аст. Аз шогирдонаш борҳо шунидаам, ки устодашон то чӣ ҳад инсони наҷиб ва меҳрубон ва хайрхоҳ  ҳастанд. Ба назари ман, агар дар марги устод Абдуманнони Насриддин, осмон хун бигиряд, ҳақ аст. Инсони волое ки аз оғози ҷавонӣ, то охирин лаҳазоти ҳаёт, мутолиъа мекард ва менавишт. Дар клосҳои дарс олиму донишманду устод парваронида таслими ҷомиъаи ъилмию фарҳангии ин обу гил кард ва ҳар дами умри пурбори худро пурбортар намуд.

Солҳои охир бештар шефтаи ислом ва ирфон буд. Ба ман ҳам ишораҳо мекарданд, ки бояст ба таври ҷиддӣ ба ислом рӯй овард… Ду ё се бор ҳаҷҷи хонаи худоро анҷом доданд ва ҳар бор ки бармегаштанд, таъкид мекарданд, ки навбати оянда ҳамроҳ меравем… Ман бо шӯхӣ мегуфтам, сазовор нестам ва ишора мекардам, ки муйсапедони мо мегуфтанд, ки агар ҳамсояат гурусна бошад, набоят сафари ҳаҷро пеш гирӣ… Дар меҳани мо, афроди гурусна ва мардумони бебизоъат  ва ниёзманд фаровон аст. Чӣ бояд кард?! Охир ҳаҷ ҳам як саре шарту шароит дорад. Оё муроъот мешавад?! Бародарам, табассум мекунанд ва мегӯянд, бояд муроъот шавад. Аз нафаре шунидам, ки дар меҳани мо масъулин барои он ки мусулмононро ба сафари ҳаҷ равона кунанд, аз ҳоҷиён ришва мегирифтаанд, бо шӯхӣ пурсидам, ки Шумо низ ришва додед, ё не? Бародарам, механдад ва мегӯяд, на ман ҳаргиз ин корро накардаам.

Нафаре ба мо гуфт, ки дар ҳоли ҳозир барои сафари ҳар нафар зоир ба ҳаҷ, се ҳазор долари амрикоӣ ба сурати расмӣ ва ошкоро меситонанд. Ман суол кардам, ки солона чанд нафар барои анҷоми ҳаҷ озими Макка мешавад, гуфтанд, то панҷ ҳазор ва касе гуфт, се ҳазор нафар, хулоса, кам нестанд, афроде, ки мехоҳанд, хонаи Худоро зиёрат кунанд… Нафаре нишаста буд, гуфт, беҳтар нест, ҳама ҳамин пулҳоро барои эҳдоси истгоҳи барқии Роғун сарф бикунанд, охир ин пули каме нест, агар се ҳазор кас се ҳазор доллорӣ бидиҳад, нӯҳ миллион доллар мешавад, ва агар 5000 кас се ҳазор долорӣ бидиҳад,15 000 000 мешавад, агар чанд сол пай дар пай ин коро бикунанд, бешак Роғунро месозанд…Оё аз назари инсонӣ ва ахлоқи исломӣ, бароварда кардани ниёзи мардум, савоби бештаре надорад?! Охир, имрӯз миллати мо беш аз ҳама ба барқ ниёз дорад, мо манбаъи дигари энержӣ надорем. Зимистонҳо барқро ҳамеша хомӯш мекунанд ва ғайра…Ман барои ҳуззор қасидаи маъруфи Носири Хусрави Қубодиёниро хондам, ки бо ин байтҳо шуруъ мешуд:

Ҳоҷиён омаданд бо таъзим
Шокир аз раҳмати худои раҳим…
...Ман шудам соъате ба истиқбол
Пой кардам бурун зӣ ҳадди гилем
Мар маро дар миёни қофила буд,
Дӯсте мухлису азизу карим…


Пас аз ин аз дӯст суол мекунад, ки ҳангоми ҳаҷ, як сари шароитҳоро ки бояд иҷро мекардӣ, иҷро шуд ё на? Ҳамеша посух як чиз буд, Не! Пас шоъир мефармояд:                      

…  Гуфт " аз ин боб ҳарчӣ гуфтаи ту
Ман надонистаам, саҳеҳу сақим"
Гуфтам "эй дӯст, пас накардӣ ҳаҷ
Нашудӣ дар мақоми маҳв муқим"
Рафтаӣ Макка  дида, омада боз
Меҳнати бодия харида ба сим.
Гар ту хоҳӣ ки ҳаҷ кунӣ, пас аз ин,
Инчунин кун ки кардамат таълим"

Бародарам, ки на танҳо ҳаким Носири Хисрав, балки даҳҳо тан аз бузургони дигарро низ дар бораи ҳаҷ ва шарту шароити он хонда ва аз ҳоли даврон огоҳ буд, мегӯяд, мушкилот дар ин росто зиёд аст, вале ман  хушбинам ва иншооллоҳ маърифатӣ ахлоқӣ ва динии ҷомиъа беҳтар хоҳад шуд, ва ҳамагон масъулияти хешро бояд ба таври ҷиддӣ эҳсос намоем.

Сар ба сари бе ту сияҳ шуд ҷаҳон,
Ҳошия рафтан зарур, нома сияҳ карданист!


Чӣ гуна нагирям ва чӣ гуна фарёд накашам, ки он марди бузургвор, марде ки кулабораш пур аз донишу ишқу озодагӣ буд, ин ҷаҳонро тарк кард… Ба дӯстон мегуфтам ки ӯ моро тарк накардааст, то даме мо зиндаем… номашу маромашу ёдаш бо мост. Вале боз ҳам медонистам, ки мо мондему ин дуеёи дун… бо ҳама фисқу фуҷураш, бо авомфиребиҳои номаймуни зимомдорон ва хорию зориҳои ин миллати бахтбаргашта, ки ҷавононаш аз пайи қути лоямут хидматгузору нукари бегонагонанд... Илму адабу фарҳанг қадру қиммате надорад, меъёри арзёбӣ ба илму ҳунар ибтидоӣ шуда аст ва дар ин марзу бум ҳама дар ҷои дигаронанд ва ҳеч касе дар ҷои худ нест!!! Тақрибан ҳеч касе дар мартабае қарор надорад, ки сазовори он бошад… Ва баръакс ҳар ки сазовор нест, ӯ ба мақоме расид… Ва агар гоҳо нафаре ҳам агар дар ҷои хеш аст, пас чунонки мебояд қадршиносӣ намешавад.

Ба худ печидам ва гуфтам, эй бор худои пуръиноят, покиза каримӣ, бениҳоят!
Меҳрофарино! Коре бикун ки ба ин марзу бум ободӣ биёяд ва ба миллати озодаи мо, ки "раста аз гӯре дигарбора ба гӯр уфтода аст"(Лоиқ)маърифату ҳушёрӣ бидеҳ ва ба худшиносиаш ҳидоят намо, ки орзӯи бародари фақиди ман низ ҳамин буд ва дар ин росто гом мебардошт…
Бародари азизи мо рафтанд ва ҳамдилону ҳамроҳону ҳамразмонашонро танҳо гузоштанд. Агарчӣ ному ёди эшон аз дили дӯстон бурун нахоҳад рафт, аммо  дареғо, ки ҷои эшон дар арсаи омӯзишу парвариш ва пажӯҳиши фарҳангу адаби мо ҳамеша холӣ хоҳад буд… Шахсиятҳои бузург ҳамеша нотакроранд … Дарки ин маънӣ миллатҳоро пойдортар хоҳад кард!

Пас аз марги бародари азизи мо Абдуманнон, афроде, ки аз дӯстии мо, огаҳӣ доштанд, ё аз тариқи телефон ва ё паёме ба банда изҳори ҳамдардии хешро баён карданд… Дар миёни ин бузургворон чеҳраҳои ошное аз Эрон ҳастанд. Аз кишваре, ки барои ману Абдуманнон  айни Тоҷикистон аст, бегона ва ноошно нест, балки ба наҳве меҳани маънавии мост ва ҳаргиз мо тоҷикон худро аз Эрон ҷудо намедонем, ва тоҷик ҳамон эронист, ки дар қиёси ъараб ъаҷамӣ гуфтаанду дар қиёси турк тоҷик! Абдуманнон бо тамоми вуҷудашон эронро дӯст медоштанд ва муддатҳо дар китобхонаҳо ва марокизи илмию фарҳангии он ба пажӯҳиш ва ҷустуҷҷӯ ва таҳқиқ машғул будаанд. Аз ҷумла паёмҳое аз устодон Асғари Додбеҳ, Фаридуни Ҷунайдӣ, Сируси Шамисо, Алии Мусавии Гарморӯдӣ, Маҳмуди Исломии Турбатӣ ва …ба ман расидааст. Умедворам паёми эшонро дар маҷмӯъае ба чоп бирасонем, ки ёдмоне бошад. Як номаи кӯтоҳеро ки аз дӯсти арҷмандам, доктор Алии Муҳаммадӣ, устоди донишгоҳи Бӯъалӣ Синои Ҳамадон ва шоъир ва  достоннавис ва донишманди камназир мебошад, ҳамон рӯзҳо расидааст ин ҷо бо каме ихтисор меоварам;

"Аз шумори ду чашм як тан кам,
В- аз шумори хирад ҳазорон беш


Бародари гиромӣ, ҷаноби доктор Сафар Абдуллоҳ!
Медонам, ки дар ҳудуди Самарқанду Хуҷанду шаҳри ёру диёр бояд бошӣ. Аммо аз оқои Қулизода шунидам, ки дӯст ва ҳамкори гиромӣ, ҷаноби доктор Абдуманнони Насраддин бар асари беморӣ даргузаштааст. Шунидани ин хабари талх беш аз ҳар чиз манро ба фикри Шумо фурӯ бурд. Аз он ҷо ки медонистам, чӣ қадар Шумо ба эшон алоқаманд будед ва то чӣ ҳад эҳтиромаш доштед. Марди шарифе буд ва дилогоҳе азиз! Хуҷанд соҳиби тазкираи шуъарои худро аз даст дод. Дигар соҳиби асари пурарҷи донишмандон ва сухансароёни Хуҷанд, дар миёни мо нест. Хуҷанд, дигар қуръонпажӯҳе ончунон надорад.  Ёдатон ҳаст? Дар охарин дидор дар донишгоҳи Теҳрон, дар пайи ёфтани як ҷилд Қуръони хаттӣ буд.? Курсии адабиёти классики донишгоҳи давлатии Хуҷанд инак бе рақиб мондааст ва медонам, ки …то чӣ ҳад дар ғами он матлубу марди рӯҳонии он донишкада (шогирдон)дасту пояшонро гум кардаанд. Боре Шуморо таслият мегӯям ва умедворам битавонам рӯзе дар Хуҷанд ба зиёрати он хоки шариф, шарафёб шавам. Дар ғами Шумо шарикам ва орзуманде ки ҳеч гоҳ доғдори азизонатон набошед. Дӯсти Шумо Алии Муҳаммадӣ. Ҳамадон"

Зиндаёд, Абдуманнон  бисёр зуд  рафт, аммо сипоси ман аз Яздон аз он аст, ки робитаамон он қадр наздик буд,  ки бо ҳам дарди дил мекардем ва ҳарфи пинҳоне надоштем. Даргузашти ӯ ба ҳамон сон ки бисёри дигарро, маро ҳам озурда ва афсурда кардааст ва ин ҳасрат ва андӯҳ дар ман хоҳад буд.
Инсоне шефта ва адабпарвар, омӯзгоре намуна ва дӯстдоштанӣ ва дӯсте воқеъӣ ва инсоне вологуҳар. Фарзонае, ки қадри девонагиро медонист ва девонае ки ба фарзонагӣ расида буд .Касе буд ки дар пӯсту колбади худ роҳат буд. Аз дӯстони муштаракамон шунидаам ки то охирин рӯзҳои зиндагиаш бо васфи он ки саратон ба пешравии бераҳмонааш дар ҷони ӯ идома дода буд, боз ҳам ба донишгоҳ мерафт бо шогирдон мулоқот мекард ва ба тадрису таҳқиқ идома медод…

Бовар накарданист, ки гул ин қадар зуд мепажмурад. Аммо сипосгузорам, ки шукуфту ман дар боғе будам ки шукуфоии ӯро шоҳид шудам. Бовар намекунам, ки ин ҳама ишқу алоқа ва самимияту хулус мераваду нопадид мешавад. Аммо ёдгориҳояш зинда мемонад, дар рӯҳу қалбу зиндагии мо ва боварам намешавад, ки сӯгвори  рафтани ӯям ва дигар умеде нест ки ба ӯ телефон бизанам ва садои пурсафои ӯро дар он сӯи хат набишнавам: аммо танини садои дӯст дар  вуҷуди ман пажвоки ҷовидона дорад…
Ҳаргиз гумон намекардам, рӯзе дар ҳоле ки ҳанӯз сармаст аз ин хушбахтиам, дасти рӯзгор моро аз ҳам ҷудо мекунад ва ман аз дарди набудани меҳрубонёр ва шафиқтарин дӯстам сухан мегӯям. Ва ин ҷо ҳам ки иктифо мекунам ба ёди марсияи устод Аҳмади Шомлу дар марги Фуруғи Фаррухзод уфтодам, ки мехоҳам ин марсияро хамроҳ бихонем ва ёди Абдуманнони ъазизро гиромӣ дорем:

Ба ҷустуҷӯи ту
бар даргоҳи кӯҳ мегирям,
дар остонаи дарёву ъалаф.

Ба ҷустуҷӯи ту
дар маъбади бодҳо мегирям
дар чор роҳи фусул,
дар чорчуби шикастаи панҷарае
ки осмони абролудро
қоби куҳна мегирад…

Ба интизори тасвири ту
ин дафтари холӣ
то чанд
то чанд
варақ хоҳад хӯрд?

Ҷараёни бодро пазируфтан
ва ишқро
ки хоҳари марг аст-
ва ҷовидонагӣ
розашро
бо ту дар миён ниҳод

Пас бо ҳайати ганҷе даромадӣ
боиставу озангез
ганҷе аз он даст
ки тамлики хокрову диёронро
аз ин сон
дилпазир кардааст!
номат сапедадамест, ки бар
пешонии осмон мегузарад
- мутабаррук бод номи ту!-
ва мо ҳамчунон
давра мекунем
шаброву рӯзро
ҳанӯзро…


Равонат шод ва хонаат обод, эй бародари қиёматии ман!
Сафар АБДУЛЛОҲ
(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)