Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни як амалиёт дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон миқдори зиёди маводи мухаддирро мусодира карданд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, дар пайи амалиёт аз мавзеи «Гаравон»-и ҷамоати деҳоти Шӯрообод, аз пинҳонгоҳи сохтаи қочоқчиёни Афғонистон дар 5 халтаи полиетиленӣ дарёфт шудааст. Манбаъ афзуд, зимни ташхиси лабараторӣ маълум гардид, ки дар дохили халтаҳо 119 кило маводи нашъадори «бангдона» будааст.
Мӯҳр