Бақияи пасандозҳо дар нимсолаи аввали соли 2012 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,5 фоиз афзудааст.
Тавре ба Озодагон аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, нишондиҳандаҳои ташкилотҳои қарзии мамлакат дар мавриди ҷалби пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ва сафарбар намудани онҳо барои рушди бахшҳои истеҳсолии иқтисодиёти кишвар беҳтар гашта истодаанд.
Бино ба маълумоти манбаъ таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки дар ин давра ҷалби маблағҳои шахсони воқеӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
«Дар таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо 39,5 фоиз ё 1 745,8 миллион сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 60,5 фоиз ё 2 673,4 миллион сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд»,-афзуд сарчашмаи хабар.
Тайи шаш моҳи соли равон фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,82 дар сади солона ва бо асъори хориҷӣ 13,62 фисади солонаро ташкил намудааст.
Мӯҳр