Як гурӯҳи ҷиноякорон корманди ҳифзи ҳуқуқи пойтахтро бо истифода аз санг ва болға лату кӯб намуданд.
Тавре аз ВКД ба Озодагон хабар доданд, санаи 29-уми июни соли равон як гурӯҳи ҷиноякорон дар кӯчаи Р. Набиеви пойтахт сержанти милитсия Назриев А. корманди ШКД дар ноҳияи Шоҳмансурро бо мақсади тасарруф намудани маблағҳои пулӣ ба миқдори 2000 доллари амрикоӣ, ки қаблан аз ин маблағ огаҳ будаанд, бо истифода аз санг ва болға мавриди лату куб қарор додаанд, ки ӯ ҷароҳати сахти ҷисмонӣ бардоштааст.
Дар пайи амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқ содиркунандагони ҷиноят Рустам Адилов 34 сола, сокини кӯчаи Р. Набиев ва Қурбон Давлатов 28 сола, сокини кӯчаи Ломоносови шаҳри Душанбе дастгир карда шудаанд.
Феълан нисбати ин ду гумонбар тибқи моддаи 249 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз гашта мавриди тафтиш қарор дорад.
Мӯҳр