Охири ҳафтаи сипаришуда дар Душанбе таҳти сарварии президент машварати корӣ бо ширкати масъули ҳукумат, дастгоҳи иҷроия ва роҳбарони сохторҳои марбута сурат пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур, дар нишасти мазкур рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015” ва татбиқи амру фармонҳо ва супоришҳои президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми сафарҳои кориашон ба ин минтақа бармеояд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин дастур дод, ки барои рафти оқибатҳои обхезиҳо ва ярчу сангрезӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Дастур дода шуд, ки барои соҳилмустаҳкамкунӣ ва таъмини техникаи нав ба ба Бадахшон маблағ ҷудо карда шавад.
Ҳамзамон, ҷаноби президент ба масъулини сатҳи ҷумҳуриявӣ баҳри тезонидани корҳои сохтмонӣ аз ҷумла биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву тандурустӣ, вусъати минбаъдаи корҳои созандагию ободонӣ, бунёди пулу роҳҳо, 6 нерӯгоҳҳои хурди барқию обӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дастуру супоришҳо дод.
Мӯҳр