Бахшҳо

Дар Душанбе се кӯча табдили ном кард

Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе чанд масъалаи марбут ба шаҳрдорӣ ва вазхи иҷтимоиву иқтисодии пойтахт мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тибқи иттилои Шафқат Сайидов, сухангӯи мири шаҳр, пеш аз ҳама бо ба инобат гирифтани хисоботи муовини якум ва муовинони раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр оид ба рафти иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №75-8 аз 22 декабри соли   2011   «Дар  бораи  «Ҳисоботи раиси  шаҳри  Душанбе  М. Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010» дар нимсолаи аввали соли 2012, ҳамвора гузориши раисони Комиссияҳои доимии  
Манбаъ афзуд, дар иртибот ба масъалаи пешбурди корҳои оммавӣ, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинию шаҳрдорӣ, хизматрасонии коммуналию пардохти ҳаққи истифодаи онҳо  аз ҷониби раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  масъалагузориҳо сурат гирифта, муқаррар гардид, баҳри беҳдошти ҳолати экологию санитарӣ, таъмини ҳифзи муҳити зист ва тақвияти фарҳанги экологӣ дар шаҳр минбаъд ҳар рўзи чоршанбе дар ҳудуди корхонаву муассисаҳо новобаста аз тобеият ва шакли идоравӣ ва биноҳои истиқоматию шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт бо ҷалби роҳбарият ва кормандони субъектҳои хоҷагидорӣ ва сокинони биноҳои истиқоматӣ «Соати экологӣ»  бо риояи талаботи қонунгузорӣ  ва интихоби вақти мувофиқ, ки ба раванди коргузорию истеҳсолот халал ворид намекунад, ба таври ҳатмӣ баргузор карда шавад.
Дар иҷлосия аз ҷониби вакилон «Барномаи дастгирии давлатии рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2012-2014» ва  «Барномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2012-2013» тасдиқ карда шуда, баҳри ғановати бозори истеъмолӣ дар моҳи шарифи Рамазон Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе “Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе” қабул гардид.
Ҳамзамон вакилон икдом намуданд, ки дар арафаи воридшавии ин моҳи пурбаракат ба маъюбон ва иштирокчиёни ҶВБ –и солҳои 1941-1945 аз шаҳри Душанбе бо аёдати шахсӣ кўмаки якдафъаинаи моддӣ мерасонад.
Тибқи қарорҳои дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе гузаргоҳи якуми кўчаи Пионерскаяи ноҳияи И. Сомонӣ ба номи Ҳунарпешаи халқии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ, вакили мардумии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ, профессор Ҳанифа Мавлонова, кўчаи Привокзалнаяи  ноҳияи Шоҳмансур ба  номи Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром ва кўчаи 9 январи ноҳияи Сино ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Сафармуҳаммад Айюбӣ номгузорӣ карда шуданд.



Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)