Бахшҳо

Намояндаи ПСС аз тоҷирони тоҷик норозист. Сафир ҳам

Асаналӣ Карамалиев, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон аз камфаъолиятии соҳибкорони ватанӣ дар намоишгоҳу форумҳои иқтисодии дохилу хориҷи кишвар интиқод намуд.

Вай соҳибкорони эрониро мисоли ибрат гуфт, ки аз ҳар имконияти хурд дар вохӯриҳо барои роҳандозӣ ва густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ истифода мекунанд: «Чанде пеш ҳамроҳи 12 нафар соҳибкори тоҷикистонӣ таи як ҳафта дар Хуросони шимолии Эрон қарор доштем. Дар вохӯриҳо соҳибкорони эронӣ чунон фаъол буданд, ки ҳамтоёни тоҷикашон онро дар гӯшаи хаёл тасавур кардан ҳам наметавонанд. Ҳанӯз бо як соҳибкори эронӣ сӯҳбатро тамом накарда, дигаре омада пешниҳоди ҳамкориро мекунад. То соатҳои 12 ва 1 –и шаб кофта то меҳмонхона меомаданд, то бо ҳамтоёни хориҷиашон имкониятҳои ҳамкориро баррасӣ намоянд».
Ин дар ҳолест, ки дар анҷумани соҳибкорони дохили Тоҷикистон аксаран ҳолати баръакс мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, дар форуми соҳибкорони тоҷику покистонӣ, ки қаблан дар Душанбе баргузор гардид, тоҷирони хориҷӣ аз ҳамтоёни тоҷикашон интиқод намуданд. Ҳанӯз дар рӯзи аввали форум соҳибкорони тоҷикистонӣ ягон ягон ба назар мерасиданд. Дар ҳоле, ки аз Покистон барои роҳандозӣ ва густариши ҳамкорӣ ба Душанбе 111 нафар соҳибкор, - намояндагони ширкатҳои машҳур  дар соҳаҳои нассоҷӣ, саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ,  истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дигар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ омада, интизори ҳамтоёни тоҷик меистоданд.
Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Покистон бо ишора ба ин ҳолат аз соҳибкорони ватанӣ  изҳори норозигӣ карда, афзуд, ки хеле бемайлу рағбат ва камфаъоланд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)