Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Суди олии иқтисодии Тоҷикистон 81 арзу шикоят ворид гардидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 31 адад камтар мебошад.
Ин нуктаро Наим Мансуров, раиси Суди олии иқтисодӣ зимни нишасти матбуотие иброз дошт. Номбурда коҳиш ёфтани арзу шикоятҳоро дар болоравии маърифати ҳуқуқии мардум ва фаъолияти хуби кормандони ниҳодаш унвон кард: «Аксарияти парвандаҳои марҳилаи якум оид ба дараҷаҳои рӯёнидани маблағи қарз, дар бораи баргардонидани кредит, дар бораи беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва дигар мақомот баррасӣ карда шудааст».
Наим Мансуров илова намуд, ки имсол аз ҷониби Суди олии иқтисодӣ дар маҷмӯъ 208 парванда баррасӣ шудааст. Ба қавли номбурда маблағи даъвоҳои парвандаҳое, ки дар Суди олии иқтисодӣ қонеъ шудааст, беш аз 10 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Мӯҳр