Иттифоқи Тоҷикматлубот дар Моҳи Шарифи Рамазон гӯшти гов ва бузу гӯсфандро барои мардум бо нархҳои аз бозорҳо нисбатан арзон ба фурӯш мегузорад.
Ин нуктаро Сироҷиддин Валиев, раиси Иттифоқи Тоҷикматлуботи кишвар зимни як нишасти матбуотие, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, иброз дош. Номбурда қайд намуд, ки тибқи қарори қабулнамудаи Тоҷикматлубот аз аввал то охири Моҳи Шарифи Рамазон дар тамоми бозорҳои соҳа ва ярмаркаҳо фурӯши гӯшти гов 28 сомонӣ ва бузу гӯсфанд 30 сомонӣ нархгузорӣ карда мешавад: « Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот чун анъана ҳар сол дар арафа ва давоми Моҳи Шарифи Рамазон барои хизматрасонии ҳарчи беҳтару бештар ва таъмини аҳолӣ бо молу маводи ниёзи мардум, бахусус маҳсулоти хоҷагии қишлоқ бо нархҳои нисбатан арзонтар қарори дахлдор қабул менамояд». Сироҷиддин Валиев илова намуд, ки бо ин мақсад, яъне ба хотири коҳиш додани нархи гӯшт дар Моҳи Шарифи Рамазон 229 сар чорвои калон ва 271 сар чорвои хурд харида шудааст. Бояд зикр намуд, ки айни ҳол дар бозорҳои кишвар нархи гӯшт аз 33 то 35 сомониро ташкил медиҳад.
Мӯҳр