Дар ин бора ба хабарнигори маҳалии Озодагон аз РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Гуфтанист, аз ҷониби кормандони милиса дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Сайфудддинов Парвизҷон Абдуқаҳҳоровичи 20-сола, сокини чамоати деҳоти Хистеварз бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда дар ҳавлии истиқоматиашон бо падараш -Сайфиддинов Абдуқаҳҳор, соли таваллудаш 1954, ҷанҷол намуда, ӯро бо корди хоҷагӣ як маротиба ба шикамаш задааст, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳия бистарӣ шудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 110 қисми 1 КҶ ҶТ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр