Ҳарамгул Тиллобоеваи 61-сола, сокини кӯчаи Лермонтови шаҳри Чкалови вилояти Суғд аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ аснои гирифтани 1000 доллари амрикоӣ бо роҳи тамаъҷӯӣ дастгир гардид.
Тавре ба хабарнигори Озодагон дар РВКД ҶТ дар ин вилоят иттилоъ доданд, номбурда аввалҳои моҳи июли соли ҷорӣ бо таҳдиди паҳн намудани маълумотҳои иснодовар ва вайрон кардани тӯйи шаҳрванд Почокалонов Ғуфрон, соли тавалулдаш 1983, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, маблағи пулӣ 30000-доллари амрикоиро бо роҳи тамаъҷӯӣ талаб намуда пешакӣ 4000-доллари амрикоӣ гирифтааст.
Инчунин рӯзи 16.07.с.2012, тахминан соати 10-и рӯз, дар назди ҳавлии истиқоматиаш Тиллобоева аснои гирифтани маблағи пулӣ 1000 доллари амрикоӣ аз Почокалонов Ғ. дастгир карда шуда, далели шайъӣ гирифа шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дорад.
Мӯҳр