Тайи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилотбуда 3,1 млрд. сомониро ташкил дод.
Дар ин бора Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикисттон зимни як нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Қайд гардид, ки барои беҳтар намудани пардохтпазирии низоми бонкӣ, дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт ва мусоидат ба рушди соҳаи қарздиҳӣ меъёри захираҳои ҳатмӣ барои пасандозҳо бо пули миллӣ 2 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 1 банди фоизӣ паст карда шуда, мутаносибан дар сатҳи 5 фоиз ва 8 фоизи солона муқаррар гардид.
Ҳамзамон, ҷаноби Ширинов гуфт, ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки яке аз нишондиҳандаҳои барномавӣ ба шумор меравад, то санаи 30 июни соли равон 3899,3 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 1,8 фоиз ва назар ба ҳамин давраи соли гузашта 24,8 фоиз (774,4 млн. сомонӣ) зиёд шуд.
Мӯҳр