Асадулло Раҳмонов, райиси Кумитаи ТВ ва радио мегӯяд, агар вуҷуд дошта бошад ҳам он шадид нест
Дар телевизион ҳар кас мехоҳад маводеро, иттилоотеро пештар пешкаши тамошобинон гардонад ва ҳар кас аз роҳу усул ва услуби гуногуни эҷодӣ истифода мебараду ҳар коргардон хатти навишти худро дорад: «Вале дар бораи он рақобате, ки мо дар назар дорем ҳанӯз дар Тоҷикистон ҳарф задан барвақт аст».
Раҳмонов мӯътақид аст, ки агар дар ҳоли ҳозир ба монанди «Ҷаҳоннамо» ду шабакаи иттилоотӣ медоштем, агар мисли «Сафина» ду шабакаи фарҳангӣ медоштем ва агар 5-6 шабакаи кӯдаконаи дигар медоштем, баъд байни инҳо рақобат мешуд.
Раиси Кумитаи телевизион ва радио мегӯяд, дар сурати дар баробари ин шабакаҳо ташкил ёфтани шабакаҳои дигар тамошобин имкони интихоби худро меёбад. Ба қавли Раҳмонов ин 3-4 шабакаи сартосарие, ки аст ҳар кадомаш формат ва функтсияи худро доранд.
Мӯҳр