Бахшҳо
08 июн 2011 08:22Гузориш

«Олиҳимматӣ»-и духтари президент

Таври ваъда қарори марбутаро дар ин хусус рӯзҳои наздик эълон мекунанд, аммо то ҳанӯз маълум нест, духтари райисҷумҳур ба доми кӣ афтоду фиреби киро нӯши ҷон кард, ки ҳамакнун бо ин қазияи пурсарусадояш «хизмати хирсона»-е барои падари президенташ мекунад.    


Тавре пештар маълум гардида буд, духтари Ислом Каримов, президенти  Ӯзбакистон, Оҷонсии иттилоотии фаронсавии  Rue89-ро ба додгоҳ кашида, барои «диктатор» хондани падараш ин оҷонсиро муттаҳам карда буд. Дар қиболи ин қазия сару садоҳо ва андешаҳои зиёди бахусус коршиносони хориҷӣ сурат гирифтанд, ки ҳар кадом ба наҳваву тадбири хос раванди ин баррасии додгоҳиро қалам мезананд. Ёдовар мешвем, ки Лола Каримова  - Тиллоева духтари дуввуми Ислом Каримов оҷонсии иттилооти Rue89 ва муаллифи мақолаи «СПИД:  Ӯзбакистон, репрессия  дар хонаву тӯй дар Канн» Августин Скалберро барои таҳқир ва расонидани зарари маънавӣ муҷрим дониста, тақозои 30 ҳазор евро зиёни маънавӣ шудааст. Бино ба навиштаи сомонаи Rue89 ду духтари президенти  Ӯзбакистон Ислом Каримов - Гулнора ва Лола барои рӯйпӯш кардани иттиҳомоти падарашон аз роҳи сарпарастии чорабиниҳои бузурги байналхалқӣ кор мегирифтаанд ва бо ин тавассут худкомагии сиёсати падарашонро мехостаанд бо нишон додани «олиҳимматиашон» ба чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ «сиёсати одилона» ҷилвагар созанд. Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҷомеаи интернетӣ, бахусус Rue89, дар хусуси аз сӯи Гулнора Каримова, духтарбузурги Ислом Каримов, пардохти маблағи 190 ҳазор евро аз ҳисоби андозсупорандагони ӯзбак ба Моника Белуччи ба хотири ширкати чорсоата ва як суханронии кӯтоҳ дар як чорабинӣ хабар дода буд. Аммо ун навбат Лола вонамуд кард, ки гӯё ин навиштаро надида бошад.

Духтари диктатор аз духтари таҷовузкор чӣ фарқ дорад?

Чаро ин сомонаи фаронсавӣ ба хонадони президент Каримов дандон тез кардааст, ҳанӯз маълум нест ва ҳамакнун навиштаи дигари ин сомона боиси баррасиҳои додгоҳӣ қарор хоҳад гирифт. Ин навбат ин сомона ба чеҳраи Гулнора Каримова духтарбузурги Ислом Каримов «таваҷҷӯҳи хосса» зоҳир кардааст, ки дар қатори дигар чеҳраҳои саршиноси шоубизнес сарпарастии шоми  фароғатии «Синамо аллайҳи СПИД»-ро  дар доираи як анҷумани байналхалқии синамо дар Канни Фаронса ба дӯш гирифтааст. Ин сарпарастии чорабинии алайҳи СПИД дар ҳоле аз сӯи Гулнора сурат гирифт, ки масъулини ҳукумати Ислом Каримов ҳомии ҳақи инсон ва муборизи фаъоли зидии СПИД дар  Ӯзбакистон Максим Поповро барои 7 сол равонаи зиндон намуданд. Гуфтанист, созмони «Изис» бо сарвари  Максим Попов, шурӯъ аз соли 2003 барои ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии СПИД дар  Ӯзбакистон якҷо бо UNAIDS (Барномаи муштараи СММ оид ба ВИЧ), ЮНИСЕФ, БРСММ (ПРООН) ва Сандуқи байнулмиллии мубориза алайҳи СПИД кор мебурд.

Намояндаи доимии  Ӯзбакистон дар ЮНЕСКО Лола Каримова сарфи назар аз талаботҳои умури дипломатик бо кирои як вакили дифоъ хост, болои матбуоти озоди кишваре чун Фаронса хати бутлон бикашад. Шояд Лола як лаҳзае фаромӯш кард, ки ин ҷо  Ӯзбакистон нест, ки оилаи мансабдоре чун президент Каримов чизе ки хоҳад мекунад ва бо кадом тартиб, ки хоҳад ва касеро хоҳад ба зиндон мекашад, ё ба чанги марг медиҳад. Ин ҷо Фаронса аст ва мардум пеш аз он ки сухане бигӯянд, тамоми асноди ҳимояро барои худ муҳайё мекунанд.

Дар ҳамин ҳол вакили дифоъи Лола Каримова Антуан Жермен гуфтааст, «ин ягон баррасии қазияи сиёсӣ нест, танҳо баррасии таҳқир ва паст задани обрӯ аст, яъне метавон гуфт, ки «духтари диктатор» номида шудани Гулнора ва Лола баробар бо он аст, ки духтари Доминик Стросс-Канро «духтари таҷовузгар» биномем ва маблағи 30 ҳазор евро, ки аз Rue89 ситониданием,  ба корҳои хайрия масраф хоҳад шуд».

То ин замон Лола Каримова ягон маротиб дар баррасиҳои додгоҳӣ шахсан ширкат накардааст ва аммо ҷониби  ҷавобгар Rue89 ва рӯзноманигор Августин Скалбер изҳор доштааст, ки тамоми ҳуҷҷатҳои тасдиқи навиштааш ва барои ҳимояаш заруриро дар даст дорад. Ҳамчунин ӯ гуфтааст, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи тақдими 190 ҳазор евро ба Моника Белуччиро низ маҳфуз кардааст.

Воқеият дигар аст…

Дар ҳамин ҳол як қатор созмонҳои байналхалқии ҳифзи ҳақи инсон, бо шумули  Human Rights Watch, «Хабарнигорони бидуни марз»  ва «Созмони амрикоии ҳифзи хабарнигорон» бо пуштибонӣ аз Rue89 ва журналист Августин Скалбел нидо баланд карда, куштори мардуми бегуноҳ ва ҳолатҳои зиёди нақзи ҳаққи инсон дар  Ӯзбакистонро эълон доштаанд.  Ҳамчунин як қатор ҳомиёни ҳуқуқи инсон аз Ӯзбакистон, ки феълан аз дасти режими Каримов дар хориҷ ба сар мебаранд, аз омодагиашон дар хусуси ширкат дар баррасиҳои додгоҳӣ ва тасдиқи ҳолатҳои куштор ва нақзи ҳақи инсон дар  Ӯзбакистон изҳор кардаанд.   
Вакили дифои Rue89 Антуан Комте бошад гуфтааст, додгоҳҳои Фаронса ба  кӯшишҳои худро дар Фаронса сафед нишон додани кишварҳои бо режимҳои шубҳанок аллакай одат кардаанд ва онҳо аз ин раванди қазияи додгоҳи холи бештаре касб хоҳанд кард, то  Ӯзбакистон.

Аммо ҳамагон интизори ҳукми Додгоҳи олии Фаронса дар баробари даъвои Лола Каримова дар хусуси таҳқири падараш ва паст задани шаъну эътибори ӯ ҳастанд. Таври ваъда, Додгоҳи олии Фаронса қарори худро дар ин хусус рӯзҳои наздик эълон хоҳад дошт.

Аммо то ҳанӯз маълум нест, ки Лола Каримова ба доми кӣ афтоду фиреби киро нӯши ҷон кард, ки ҳамакнун бо ин қазияи пурсарусадояш «хизмати хирсона»-е барои Каримов мекунад, шояд дониста ва шояд надониста.  Зеро бо ин амалаш ӯ таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба чеҳрае чун Ислом Каримов ва кишваре чун  Ӯзбакистон ҷалб кард. Ва таври маълум, баъди ин ҳама сарусадоҳо дигар наметавон ҷараёни қазияро боздошт ва ҳатман, ки дар рафти баррасиҳои додгоҳӣ қазияҳои пахши бераҳмона ва қатли бешумори мардум дар воқеоти Андиҷон, паси панҷара фиристодани теъдоде аз хабарнигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон рӯи об  бароварда хоҳад шуд, чун ширкати ҳомиёни ҳуқуқи инсони узбак дар ин барраси додгоҳӣ дар назар аст.

Акнун коршиносон ҳадс мезананд, ки натиҷаи ин даъвои додгоҳӣ ба ҳич ваҷҳ ба манфиати хонадони Каримов нахоҳад буд ва ҳатман дар ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаи худкома будани режими Каримов, ҷой надоштани ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва озодии сиёсӣ дар ин кишвар ва билохира маҳз далели ба танқид тобовар набудани режими феълии Тошканд «диктатор» будани Ислом Каримовро тасдиқ хоҳад кард.{jathumbnail off}

Муҳаммад Рашшод, шаҳри Маскав

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)