Имрӯз гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои афғонаш сурат гирифт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент сӯхбати мазкур бо ибтикори Ҳомид Карзай, райисҷумҳури Афғонистон баргузор шуд.Ҷонибҳо дар бораи ҳаводиси дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рухдода ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки истиқрори вазъ ва таъмини оромиву амнияти мардуми минтақа ҳадафи умда ва асосии саъю талошҳоест, ки дар ин ҷода ба харҷ дода мешавад.
Манбаъ афзуд, роҳбарони ду давлати ҳамсоя ба мувофиқа расиданд, ки аз ду ҷониб иқдомоти муассире пиёда хоҳанд шуд, то вазъи оддии марзҳои Афғонистону Тоҷикистон ва пешгирӣ намудани ҳар гуна аъмоли террористӣ ва зиддиқонунӣ дар он таъмин гардад. Карзай эълом дошт, ки бо дастури ӯ ба ҷониби сарҳад, алалхусус минтақаи ҳаммарзи Хоруғ, нерӯҳои иловагии низомӣ ва марзбонӣ фиристода хоҳад шуд, то татбиқи ҳадафҳои дар боло баёншуда таъмин гардад.
Таъкид гардид, ки байни роҳбарияти Афғонистону Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбутаи ҳар ду мамлакат то ҳаллу фасли ниҳоии ин қазия иртиботи доимӣ ва муассир барқарор хоҳад буд.
Мӯҳр