Қодир Валиев, раиси ноҳияи Ховалинг мегӯяд, то ҳанӯз ба рустоҳои Сунҷитаку Кунҷитак, Оқтойу Буғдояк хати барқ кашида нашудааст.
Ӯ мегӯяд, сабаби асосӣ дар он аст, ки дар рустохои номбурда одамон кам зиндагӣ мекунанд. Масалан, дар Сунҷитак ҳамаги чор оила ба сар мебаранду зимистон сокинони он аз ҷамъият умуман канда мешаванд, яъне бо дигар ҷои ноҳия иртибот надоранд: «Онҳо ба даъвати чанддафъаи мо, ки хамбида ба мавзеъҳои обод биёянд, гӯш намекунанд. Гӯё ватани бобоишона обод мекарда бошанд, ки дурӯғ мегӯянд».
Ба андешаи сардори идораи шабакаҳои барқи ноҳияи Ховалинг Қаландаров, барои ба ин рустоҳои дурдасти куҳӣ кашидани хати барқ маблағи зиёде зарур аст. Дар ин маврид, қудрати буҷаи маҳал ҳам камӣ мекунаду сокинон бошанд, умуман барои таъмин гаштан бо барқ кӯшиш намекунанд. Бо айби камии аҳолӣ то ҳанӯз ба деҳоти кӯчаку душворгузари Ховалинг хати барқ кашида нашудааст ва шароити бунёди неругоҳҳои хурди барқӣ ҳам мавҷуд нест.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Хуршед Қодиров, сардори идораи фурӯши барқи ноҳия, қарзи истеъмолкунандагони барқ дар нимсолаи аввали имсол 1 милёну 931 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз он ҳудуди 1милёну 490 ҳазораш қарзи аҳолӣ аст.
Мӯҳр