Дар нимсолаи аввали соли равон 1 ҳазору 185 муҳоҷири тоҷик бо сабабҳои мухталиф, аз қабили вайрон кардани қонуну қоидаҳо аз Федератсияи Русия берун карда шудаанд.
Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон имрӯз дар як нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки муҳоҷирони хориҷӣ, хусусан шаҳрвандони Русия низ аз қаламрави Тоҷикистон дар ин давра депорт шудаанд. Номбурда қайд намуд, ки вобаста ба ҳолати будубоши муҳоҷирони хориҷӣ 192 маротиба санҷиш гузаронидаанд, ки нисбати 291 муҳоҷири хориҷӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб намуда, 186 нафар аз қаламрави кишвар берун карда шуд: « Ин нафарон аз қайд нагузаштаанд, иҷозат барои кор нагирифтаанд, мӯҳлати иҷозатномаашон гузаштааст». Шумораи муҳоҷирони хориҷӣ, ки аз Тоҷикистон депорт шудаанд, нисбати 6 моҳ қабл 58 нафар афзоиш ёфтааст. Яъне дар 6 моҳаи ахири соли гузашта шумораи онҳое, ки аз Тоҷикистон берун карда шудаанд, 128 нафарро ташкил дода буд. Сардори Хадамоти муҳоҷират илова намуд, ки нафарони аз қаламрави кишвар берункардашуда асосан шаҳрвандони Хитой, Русия ,Афғонистон, Покистон Эрон ва Ӯзбакистон мебошанд.
Мӯҳр