Бахшҳо

Нуралиев: Лоиҳаи «Роғун» мумкин тағйир ёбад

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, маблағгузории «Роғун» - ро дар нимсолаи аввал кам накардаанд ва нимсолаи дуюм ҳам дар назар нест.

Ӯ мегӯяд, имсол барои лоиҳаҳои энергетикӣ аз ҷумла Роғун ҷудо намудани  ҳудуди 1 миллиарду 100 миллион сомонӣ дар назар аст: «Аз ин дар нимсолаи аввал 556 миллионаш ҷудо шудаанд. Ҳамаи он созишномаҳое, ки бо пудратчиҳо таъминкунандагон баста шудаанд, амалӣ мешаванд, корҳои барқарорсозӣ идома доранд. Ягон хел берунравӣ аз нақшаи иҷроиши корҳои барқарорсозӣ пешбинӣ нашудаст».
Дар мавриди ихтисори дастаҷамъонаи кормандони нерӯгоҳи «Роғун» Нуралиев таъкид кард: «Мо дар масъалаи сохтмони «Роғун» бо мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ ҳамкории зич дорем. Бонки ҷаҳонӣ айни ҳол асоснокии техникӣ – иқтисодии нерӯгоҳро омӯхта истодааст ва мӯҳлати анҷоми он майи соли 2013 муайян шудаст. Агар ягон корҳо дар майдончаи сохтмонӣ барои асосноккунии техникӣ – иқтисодии нерӯгоҳ монеа мешаванд ё метавонанд мӯъҷиби якдигарнофаҳмӣ гарданд, мо тамоми чораҳоро меандешем то ин корҳо мувақаттан қатъ шаванд».
Нуралиев мегӯяд асоснокии техникии иқтисодии Роғун, ки Бонки ҷаҳонӣ мегузаронад барои Тоҷикистон хеле муҳим аст:«Мо аз ҷониби худ тамоми корҳоро мекунем то асоснокии техникии иқтисодии «Роғун» бо тарзи лозима ҷараён гирифта, саривақт анҷом ёбад».
Нуралиев таъкид кард, ки дар нерӯгоҳ танҳо корҳои барқарорсозӣ маблағгузорӣ шуда истодаанд, зеро асоснокии техникии иқтисодии он ҳанӯз пурра анҷом наёфтааст ва имкони тағйирот дар лоиҳа вуҷуд дорад. Бино ба ин сохтмони иншооти нав маблағгузорӣ намешавад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)