Яке аз сабабҳои таъхиркорӣ зимни омӯзиши қисмати тоҷикии роҳи оҳани Чин- Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эронро саривақт пешниҳод нашудани харитаҳои зарурӣ ба ширкати эронии «Метро» мегӯянд.
Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, харитаҳое, ки барои омӯзиши қисмати тоҷикии ин роҳи оҳан барои ширкати «Метро» зарур буданд, дар Тоҷикистон махфӣ маҳсуб меёбанд:«Бино ба ин мо ба ҳукумат муроҷиат намудем, баъдан Кумитаи амният омӯхта маводи даркорӣ ба ширкати эронии Метро пешниҳод шуд».
Ҳакимов таъкид кард, ки айни ҳол омӯзиши лоиҳа бо суръат пеш рафта истодааст. Вай таъкид намуд, ки айни ҳол ширкати «Метро» танҳо имкони татбиқшавии лоиҳаро омӯхта истодааст ва он асоснокии техникӣ – иқтисодӣ нест. Ба гуфтаи вазир баъде, ки ширкати Метро лоиҳаро татбиқшаванда гуфт, асоснокии техникӣ – иқтисодӣ гузаронда мешавад ва масъулини тоҷик аз паи дарёфти сармоя мегарданд.
Масофаи қисмати тоҷикии роҳи оҳани Эрон- Афғонистон – Тоҷикистон – Қирғизистон – Чин 392 километрро ташкил дода, қисмати мушкилаш аз Ваҳдат то Қарамиқ, сарҳади Қирғизистон маҳсуб меёбад, ки 270 километр дарозӣ дорад. Бо назардошти мавқеи географӣ, арзиши сохтмони як километр роҳи дар ин қисмат аз 8 то 10 миллион доллари амрикоӣ арзиш дорад. Дар ин қисмат сохтмони 16 километр нақб ва 47 пул дар назар аст.
Дар ҳоли ҳозир арзиши сохтмони қисмати тоҷикистонии ин роҳи оҳан наздики 4 миллиард доллари амрикоӣ арзёбӣ мегардад.
Дар маҷмӯъ ин роҳи байналмилалӣ 2 ҳазор километр дарозӣ дошта, барои кишварҳои пайвастшаванда, - Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистону Чин аҳамияти бузурги геополитикӣ, стратегӣ дорад.
Мӯҳр