Вазъияти номӯътадил дар кишварҳои арабӣ ва бӯҳрон дар минтақаи евроро масъулини Бонки миллии Тоҷикистон ду омиле баршумурданд, ки ба қурби сомонӣ дар баробари доллар таъсири манфӣ расонда метавонад.
Дар маҷмӯъ масъулини Бонк мегӯянд, вазъ дар бозори нақди кишвар баъди ҷаҳиши қурби доллар дар моҳи май айни ҳол ба эътидол омадааст. Ба қавли онҳо агар бӯҳрони евро ва ҳаводиси кишварҳои арабӣ шиддат нагирад, то охири сол вазъ мӯътадил боқӣ хоҳад монд.
Моҳи май қурби як доллар дар бозори нақди кишвар зимни харид то 4,88 сомонӣ ва аснои фурӯш то 4,9 сомонӣ расида буд. Айни ҳол, ин нишондод то 4,83 зимни харид ва то 4,85 сомонӣ ба вақти фурӯш поён рафтаст.
Масъулини Бонки миллӣ эътироф намуданд, ки барои устувории қурби сомонӣ ва баробари доллар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ чанд маротиба ба бозори нақд доллар ворид кардаанд: «Аммо дар муқоиса бо соли гузашта дахолати Бонки миллӣ ба бозори нақд камтар сурат гирифт».
Намояндагони Бонк майро мушкилтарин моҳ барои бозори нақди кишвар гуфта, таъкид мекунанд, ки ҳар сол барои мӯътадил нигоҳ доштани қурби сомонӣ дар ин моҳ омода мешаванд.
Мӯҳр