Бахшҳо

«Хабари Хуш» ва «Виктория Проект» дар Тоҷикистон

Се рӯз боз дар Душанбе намойишгоҳи панҷуми байналмилалии  «Интерлегпром -2011» идома дорад.

Дар ин намоишгоҳ таҷҳизоти гидроэнергетикӣ, хӯроквориву пӯшок, нӯшобаҳои гуногун, маҳсулоти заргарӣ ва маҳсулоти ороишӣ аз 30 ширкати ватаниву хориҷӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст. Дар намоишгоҳи мазкур мардум бештар ба молу маҳсулоти ширкатҳои украинӣ ва афғонӣ таваҷӯҳ менамуданд.
Синои Асадулло, фурӯшандаи ширкати «Оура»-и Украина ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, ширкати мазкур ба истеҳсоли 64 намуд собун машғул буда, феълан дар ин ярмаркаи байналмилалӣ 60 намудаш ба фурӯш гузошта шудааст, ки нисбати нархи бозорҳои Душанбе ба ҳисоби миёна 20% арзон аст. Номбурда арзиши собунҳоро аз 2 то 7 сомонӣ унвон кард ва афзуд, ки сифаташон баланд аст.
Бахтназир, масъули корхонаи заргарии «Хабари Хуш»-и Афғонистон мегӯяд, бо вуҷуди хароҷоти зиёди интиқол ва пардохти гумрукӣ  нархи молҳои заргарӣ, аз қабили гӯшвор, дастпона ва гарданбандро нисбати бозорҳои Тоҷикистон арзонтар пешкаши мардум намудаанд. Номбурда як сабаби паст будани нархи маҳсулоташонро ба молиёти нисбатан ками кишварашон рабт медиҳад ва мегӯяд, дар Афғонистон аз тиҷорати кӯчак молиёти кам меситонанд ва ҳолатҳое мешавад, ки дар оғози тиҷорат боз дастгирӣ ҳам мекунанд.

Ширкати «Виктория Проект»и – давлати Чехия бошад дар ин ярмаркаи байналмилалӣ асосан таҷҳизотҳои гидроэнергетикиро ба фурӯш гузоштааст. Ба иттиллои масъулини ин ширкат онҳо аз рӯи лоиҳае, ки ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намуданду қабул гардидааст, дар чанд навоҳии кишвар нерӯгоҳи хурди барқӣ сохта истодаанд ва тасмим гирифтаанд, дар сохтмони 12  нерӯгоҳи хурдӣ дигар дар шаҳри Ваҳдат саҳми худро гузоранд. Хуршед Абдуллоев, директори ширкати «Виктория Проект Душанбе»-и чехӣ ин ширкатро аввалин ширкати хусусии хориҷие, ки дар бахши энергетикаи хурди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст, унвон намуд ва қайд кард, ки маблағи умумии лоиҳае, ки бояд амалӣ шавад 500 ҳазор евраро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди он ки молу маҳсулоти ширкатҳои ватаниву хориҷӣ бо нархи нисбатан арзон дар ин намоишгоҳ ба маърази тамошо гузошта шудааст, вале иштироки мардум кам ба мушоҳида мерасад. Намойишгоҳи мазкур шоми имрӯз ба анҷом мерасад.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)