Гулчеҳра Қурбонова, сарояндаи тоҷик ба иҷрои як суруди фолклорӣ ва як классикии «Шашмақом» соҳиби ҷоиза гардид.
Тавре ба Озодагон вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, ӯ дар ҷашнвораи байналмилалии "Иссиқкӯл-2012" дар Қирғизистон ҷоизаи «Ҳусни таваҷҷӯҳи тамошобин»-ро сазовор гардида бо мукофоти пулӣ тақдир шудааст. Дар ин фестивал-озмуни байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бахши сурудҳои анъанавию фолклорӣ сарояндаи филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев Гулчеҳра Қурбонова ва дар жанри эстрада Икром Исломӣ муаррифӣ карданд.
Бино ба иттилои манбаъ, овозхони бомаҳорат Икром Исломӣ бошад, бо дипломи Кумитаи тудорукоти озмун муваффақ дониста шудааст. Бояд гуфт, ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон, роҳбари бадеии ансамбли "Гулшан" Бахтиёр Иброҳимов дар ҳайати ҳакамони фестивал-озмун шомил буд.
Мӯҳр