Имрӯз, 9-уми август Ҷопон аз 67-умин солгарди бомборон шудани Нагасакӣ аз сӯи нерӯҳои ҳавоии ИМА таҷлил мекунад.
Тибқи иттилои расида, ҳудуди 74 ҳазор нафар қурбони ин бомбандозӣ шудаанд.
Зимни суханронӣ дар маросими ёддошти қурбониён шаҳрдори Нагасаки Томихиса Тауэ аз ҳукумати Ҷопон даъват кард, то ҷиҳати бастани иншоотҳои ҳастаии кишвар тасмими ҷиддӣ бигаранд. Вай ба зарурати «тағйири сиёсати энергетикии кишвар, барои бунёди ҷамъияти озод аз хатари ядроӣ» таъкид дошт. Тауэ ҳамчунин ваъда кард, ки ба зарардидагони садамаи неругоҳи атомии Фукусима-Дайичи дар моҳи марти соли гузашта кӯмак мерасонад.
Мӯҳр