Бахшҳо

Содироти ғайрирасмӣ аз Тоҷикистон баробари содироти расмӣ омадааст

Содироти ғайрирасмии молҳои чинӣ тавассути ҳудуди Тоҷикистон ба кишварҳои минтақа қариб баробари ҳаҷми содироти расмии молҳои худи Тоҷикистон шудаст.

Ин нуқта дар шаҳри Душанбе зимни нишаст дар мавзӯи «Равандҳои тиҷорати хориҷии кишварҳои Осиёи Миёна» таъкид шуд.
Роман Могилевский, пажӯҳишгари донишгоҳи Осиёи Миёна, мегӯяд Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми содироти ғайрирасмии молҳои чинӣ миёни  кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна ба яке аз пешсафон мубаддал гардидааст. Могилевский ҳаҷми содироти ғайрирасмии молҳои чиниро аз Тоҷикистон дар соли 2010 –ум тақрибан 710 миллион доллари амрикоӣ гуфт, ки баробари 70 фоизи содироти расмии Тоҷикистон аст. Саҳми содироти ғайрирасмии молҳои чинӣ соли 2011 –ум ба гуфтаи Могилевский боз бештар шудаст.
Тоҷикистон бо вуҷуди афзоиши содироти ғайрирасмии молҳои чинӣ, ҳамоно аз Қирғизистон қафо меистад. Асосан тавассути Қирғизистон ва баъдан Тоҷикистон молҳои чинӣ ба Қазоқистон, Афғонистон, Ӯзбакистон, Русия ва дигар кишварҳо содир мешаванд.   
Могилевский ҳаҷми тиҷорати ғайрирасмии молу маҳсулоти чиниро тавассути Тоҷикистону Қирғизистон хеле бузург гуфта, таъкид кард, ки он асосан маҳсулоти саноати сабук ва молҳои дигари гуногунро фаро мегирад.
Роман Могилевский ҷанбаи манфии ин равандро дар он гуфт, ки дар паи воридоту содироти ғайрирасмии молҳои чинӣ буҷети Тоҷикистону Қирғизистон маблағҳои ҳангуфтро аз даст дода истодаанд. Аммо ҷорӣ намудани риояи қонуниятро дар ин бахш вай аз як ҷониб зараровар медонад.
Могилевский мегӯяд ба шарофати тиҷорати ғайрирасмӣ мардум ба молу маҳсулоти арзон дастрасӣ доранд. Дар сурати гузаштан аз расмиёти гумрукӣ арзиши ин молҳо қимматтар меафтад, ки ин ба фоидаи мардуми камбизоат нест.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)