Дар Тоҷикистон ҳам мисли дигар кишварҳои мусулмонӣ рӯзи 19 август Иди Фитрро таҷлил мекунанд.
Аҳолии кишвар дар баробари ду рӯзи истироҳат (шанбе ва якшанбе) рӯзи душанбеи 20 август низ истироҳат мекунанд. Тибқи иттилои расмӣ, ки аз сӯи Исмоил Файзиев, муовини раиси Федеретсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ дода шудааст, аз сабаби он ки 19 август ба рӯзи якшанбе рост меояд ва рӯзи муқаррарии истироҳатӣ маҳсуб мешавад, мутобиқан ин рӯз мувофиқи қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид дар Тоҷикистон» ба рӯзи душанбеи 20 август гузаронида мешавад ва рӯзи душанбе рӯзи ғайрикорӣ эълон мешавад.
Мӯҳр