Бахшҳо

SOS: Дар Хоруғ 7 нафар ба касалии домана гирифтор шудаанд

Ин сокинон бо нишонаҳои бемории мазкур дар касалхонаи шаҳр бистарӣ гардидаанд.

Дар ин бора ба расонаҳо аз касалхонаи ин шаҳр иттилоъ додаанд. Ба гуфтаи яке аз пизишкони шаҳр, бештари ин беморон аз ҷумлаи сокинони минтақаи мавсум ба “Шарифстройи”-и шаҳр будаанд. Ин духтур, ки ба баҳонаи надоштани салоҳият барои ироаи ин иттилоот аз гирифтани номаш худдорӣ кардааст, ба Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфтааст:  “Мо низ субҳ дар мавриди ин масъала ҷаласа гирифтем. Ва маркази саломати шаҳрӣ, бар асоси амри раёсати тандурусӣ барои пешгирӣ ва дарёфти тифи шикам (домана) фаъолиятҳоеро амалӣ мекунем. То ҳол бештари афроде, ки нишонаҳои монанд ба тифро доранд, аз ҷумлаи сокинони маҳалли “Шарифстрой” ва минтақаи шаҳрии наздики ба бемористон ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, масъулини ҳукумати Бадахшон бурузи бемории домана дар миёни сокинони шаҳр ва нерӯҳои низомии эъзомшуда ба шаҳри Хоруғро такзиб карданд. Раҳмони Гулзор, сухангӯйи ҳукумати вилояти Бадахшон, рӯзи чаҳоршанбеи 15 август, дар сӯҳбати телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки пизишкони вилоят муввазаф шудаанд, ки дар муддати кӯтоҳ ташхиси хуни беморонро гузаронанд ва чи навъи беморӣ будани онҳоро мушаххас кунанд.Оқои Гулзор афзуд: “То ҳол иддае аз сокинон дар бемористон бистарӣ ҳастанд. Вале духтурон (пизишкон) комилан муъайян накардаанд, ки ин беморӣ сад дар сад домана ҳаст. Имрӯз соъати 15:00 вақти маҳаллӣ масъулони ситоди вижа, ки ба он кормандони тиб, кормандони арсаи беҳдорӣ ва намояндагони хадамоти манзили шаҳри Хоруғ шомил ҳастанд, дар чаласае гирдиҳам меоянд ва масъалаи мавҷударо баррасӣ мекунанд.”

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)