Дар моҳи мубораки Рамазон ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Давоми моҳи ҷорӣ ба бахши «Агроинвестбонк» дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамарӯза 40-50 ҳазор доллари амрикоӣ ва беш аз 3 миллион рубли русӣ ворид гардидан дорад. Дар ин бора ба Озодагон Сайфиддин Қадамов, сардори бахши мазкур хабар дод. Ба гуфтаи ҷаноби Қадамов, тайи рӯзҳои ахири моҳи июл воридоти маблағ боз ҳам зиёдтар гаштаааст. Ҳамаи ин ба хотири моҳи шарифи Рамазон ва иди Фитр мебошад, ки муҳоҷирони тоҷик аз Русия барои наздиконашон пул мефиристанд.
Ба иқрори номбурда, танҳо аз ҳисоби интиқоли маблағҳои хориҷӣ бахши «Агроинвестбонк» дар як рӯз аз ҳисоби воридоти рубли русӣ зиёда аз 4 ҳазор сомонӣ ва тақрибан ҳамин миқдори дигар тавассути воридоти доллари амрикоӣ даромади соф мегирад. Ба гуфтаи Сайфиддин Қадамов, тақрибан нисфи даромадҳои бонкӣ барои рӯпӯш намудани дигар хароҷотҳо, ки барои бонк зарароваранд, масраф мешавад.
Мӯҳр