Дар ин бора ба хабаргузории Озодагон аз дастгохи марказии ин ташкилоти сиёсӣ иттилоъ доданд.
Гуфта мешавад, раҳбарияти ҲНИТ тасмим гирифтааст, ба ҳамаи варзишгарони тоҷик, ки дар олимпиада аз номи Тоҷикистон ширкат намуданд, ҷоиза ва ҳадяҳои хотиравӣ тақдим намояд: «Қаблан ҳам эълон намуда буднм, ки ҲНИТ ба ҳар соҳибмедали олимпии тоҷик манзили ду ҳуҷрагӣ эҳдо менамояд, ки ин ҳадя танҳо насиби муштзани тоҷик Мавзуна Чориева гардид».
Зимнан, ҲНИТ ширкати варзишгарони тоҷикро дар ин мусобиқаи муҳим барои баланд бурдани обрӯ ва муаррифии кишвар муҳим мешуморад. Ҳунарнамоии гӯштингири маъруфи тоҷик Расул Боқиев ҳамчун як варзишгари ватандӯст, хоксор ва сарсупурда, инчунин нақши падари марҳумаш Худойназар Боқиев ва бародаронашро дар рушди варзиши тоҷик ба инобат гирифта, роҳбарияти ҲНИТ тасмим гирифт ин варзишгари шинохтаро ба аввтомашинаи «Toyota Camry» қадрдонӣ намояд.
Бино ба иттилоъи манбаъ, маросими супоридани ҷоиза ва ҳадяҳо ба ҳамаи иштирокчиёни олимпиадаи «Лондон - 2012», рӯзи ҷумъаи 24-уми сентябр, соати 11:00 дар қароргоҳи марказии ҲНИТ баргузор мегардад.
Мӯҳр