Бахшҳо

Аз 1-уми сентябр бензини Русия боз 52 доллар қимат мешавад

Тибқи ҳисобҳои Вазорати молияи Русия ин кишвар сар аз 1-уми сентябр боҷи содиротиро барои як тонна нафти хом 17 фоиз қиммат карда, аз 336 доллари мавҷуда то 394  доллар барои як тонна боло хоҳад бурд.

Далели афзоишро масъулини Русия болоравии нархи нафт мегӯянд, ки тайи як моҳи охир дар ҷаҳон сурат гирифтаст. Ба иттилои таҳлилгарони Вазорати молияи Русия нархи миёнаи як баррел нафт аз 15-уми июн то 15-уми август ба 108 доллари амрикоӣ баробар буд. Дар ҳоле, ки моҳи гузашта ин нишондод 95 долларро сари ҳар бушка ташкил медод.  
Ҳамин тариқ, интиқолдиҳандагони бензин ба Тоҷикистон сар аз якуми сентябр барои ҳар тонна 354,4 доллар боҷи содиротӣ мепардозанд, ки нисбати нишондоди моҳи равон 52 доллар қимматтар аст. Ҳаҷми боҷи содиротӣ барои маҳсулоти рӯшани нафтии дигар дар ҳаҷми 260 доллар сари ҳар тонна муайян хоҳад шуд, ки нисбати моҳи ҷорӣ наздики 40 доллари амрикоӣ бештар аст.
Ёдрас менамоем, Русия боҷи содиротиро моҳи майи соли 2010-ум ба далели аъзо набудан дар Иттиҳоди гумрукӣ барои Тоҷикистон дар ҳаҷми 203 доллари амрикоӣ ҷорӣ намуда, тайи соли гузашта ҳаҷми онро то 415 доллари амрикоӣ боло бурда буд.  Ҳаҷми боҷи содиротии Русия яке аз омилҳои асосии ташаккулдиҳандаи нархи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон маҳсуб ёфта, афзоиши он ҷаҳиши нархро дар Тоҷикистон ба бор меорад. Тайи моҳҳои май, июн, июл ва август ҳаҷми боҷи содиротии Русия рӯй ба коҳиш ниҳода буд.Ҳоло бошад, нархҳо дар бозори сӯзишворӣ муътадил буда, айни ҳол як литр сӯзишвории навъи АИ 92 ба ивази 6 сомонӣ ва АИ 95 бо нархи 6 сомонию 70 дирам дар фурӯш аст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)