Бахшҳо

Дар шимоли кишвар «Ёшлар», «Тошкент» ва «Спорт» тамошо мекунанд

Дар ноҳияи Спитамен пурсиши афкори умум доир карда шуд ва фаъолияти ҳукумати маҳаллӣ ҷиҳати беҳдошти кори васоити ахбори умум мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд, мақсад аз гузаронидани пурсиш муайян намудани мушкилоти ҷомеа, муносибати мардум нисбат ба фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, дигар масъалаҳои доғи рўз-тақсимот ва истифодаи замин, таъминот бо оби нӯшокиву полезӣ ва ғайра буданд. Ба пурсиш табақаҳои гуногуни аҳолии ноҳия ҷалб ва дар маҷмӯъ  900 нафар пурсида шуданд.
Манбаъ афзуд, ин пажӯҳиш нишон дод, ки аз масъалаҳои муҳиму ташвишовар дар ноҳия- таъмирталабии роҳҳои дохили ноҳия; вазъи беморхонаи деҳаи Куркат; маркази таҳсилоти иловагӣ ва мактаб – парваришгоҳ; кинотеатри «Пахтакор»; таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокиву полезӣ; нарасидани таҷҳизотҳо барои кӯмаки аввалия, омӯзгорони синфҳои тоҷикӣ, фанҳои забони давлативу хориҷӣ, кимиёву биология ва   омодагии дифои ҳарбиву тарбияи ҷисмонӣ; дар ҳолати садамавӣ қарор доштани клуб ва китобхонаи деҳаи Тағояк; ба охир расонидани сохтмони мактаби №20; бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар мактабҳои №№3, 9, 22; пул дар шоҳроҳи Хуҷанд - Зафаробод (дар деҳаи Куркат) ва фароҳамсозии ҷойҳои корӣ    ба шумор мераванд.
Зимнан, рӯшан гардид, ки фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон – 99,37 %; «Сафина» ва «Баҳористон» - 96,90%; «Ҷаҳоннамо»  ва «ТВ - Суғд» - 81,19%; барномаҳои 1,2 ва 3 – юми радиои ҷумҳурӣ - 100 %; барномаҳои радиои «Фарҳанг» - 82,64%    буда, барномаҳои радиои вилоят дар ҳадди 76,89%  дастрас аст.Ба сокинони ҷамоатҳои Фармонқӯрғон ва Тағояк барномаҳои телевизионҳои «Ҷаҳоннамо ва «ТВ-Суғд» дастрас нест.  
Дар ҳамин ҳол, ба қаламрави ноҳия тавассути 10 басомади радиотелевизионӣ 8 шабакаи телевизион («Ӯзбакистон», «Ёшлар», «ТВ - Марказ», «Тошкент», «Спорт»…) ва 19 шабакаи радиои Ӯзбакистон, 2 шабакаи телевизион ва ду шабакаи радиои Қирғизистон пахш мешаванд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)