Давоми ҳафт моҳи аввали соли равон сатҳи таваррум 2,9 фоизро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8 банди фоизӣ кам мебошад.
Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, таварруми ҳосилшуда аз ҳисоби болоравии хизматрасонии пулакӣ-13 фоиз ва ғайриозуқа-4,1 фоиз ба миён омадааст.
Манбаъ мегӯяд, дар моҳи июл сатҳи таваррум ба 0,4 фоиз ва дар давоми 12 моҳи охир бошад ба 4,5 фоиз расидааст.
Лозим ба ёдоварст соли 2011 меъёри таваррум 9,3 фоизро ташкил дода буд, ки нисбат ба соли 2010-ум 0,5 банди фоизӣ кам мебошад.
Мӯҳр