Ҳамоиши эътирозӣ дар Хоруғ поён ёфт ва тақрибан соати нӯҳ ба даҳи шаби гузашта эътирозгарон майдонро тарк кардаанд.
Дар ин бора манбаъи радиои Озодӣ дар маркази вилояти МБК иттилоъ медиҳад.
Ин расона менависад, ин тасмим баъд аз он иттифоқ афтод, ки созишнома миёни ширкатдорони ҳамоиши эътирозӣ ва сохторҳои қудратӣ дар Хоруғ дар назди эътирозгарон қироат шуд. Манбаи "Озодӣ" дар Хоруғ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир раванди марҳила ба марҳила берун кардани нерӯҳои аз Хоруғ оғоз шудааст. Ба қавли ин манбаъ, ҳамакнун Хоруғ ором аст ва мардум ба зиндагии маъмулии худ машғул ҳастанд.
Мӯҳр