Барои нахустин бор дар Тоҷикистон миёни маҳбусон озмуни қориёни Қуръон баргузор шуд.
Сомонаи islamnews.tj менависад, ки озмуни мазкур дар муассисаи ислоҳотии №3/1-и шаҳри Душанбе бо дастгириву сарпарастии Изатулло Шарифов, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Тоҷкистон, Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон ва Муҳиддин Кабирӣ, райиси ҲНИТ сурат пазируфт.
Ба иттилои манбаъ, озмуни қориёни Қуръон таҳти шиори «Барои корҳои нек саъй намоед» баргузор шуда, барандагони ҷойҳои аввал ва дуюму сеюм аз ҷониби сарпарастон қадрдонӣ гардиданд.
Маврид ба ёдоварист, баргузории як чунин озмун барои беҳбуди сатҳи маърифати маҳбусон нақши муҳим дора два яке аз сабабҳои муассири ислоҳшавии онҳо ба ҳисоб меравад.
Мӯҳр