Дар Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Инкишофи қонунгузории замин ва масоили ҳуқуқии он» мизи мудаввар баргузор гардид .
Тавре аз Маркази миллии қонунгузорӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, мақсад аз баргузории ин ҳамоиш, ҷалби мутахассисони варзида ҷиҳати баррасии масъалаҳои муҳими инкишофи қонунгузории замин буда, мутахассисони соҳаи ҳуқуқи аграрӣ, аз ҷумла намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ ва кормандони илмию тадқиқотӣ дар он ширкат намуданд. Дар ин ҳамоиш масоили қонунгузории замин вобаста ба мерос, такмили қонунгузории замин, омили рушд ва инкишофи соҳаи кишоварзӣ, проблемаҳои қонунгузории истифодаи қаъри замин ва роҳҳои ҳалли онҳо баррасӣ шуданд. Бояд зикр намуд, якуми августи соли равон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон тарҳи тағйири Қонуни заминро имзо кард. Дар робита ба тарҳи қонуни мазкур бархе аз масъулини кишвар таъкид мекунанд, ки бо амалӣ шудани ин қонун ҳуқуқ, шароит ва имкониятҳои кишоварзон барои истифодаи пурсамари замин бештар мешавад.
Мӯҳр