Ҳафтаи дуюм аст, ки бозори чиптаҳои ҳавоии Тоҷикистонро раванди болоравии нарх фаро гирифта, арзиши чипта то Маскав қариб 20 фоиз зиёд гардидаст.
Фарида, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, пеш аз иди Фитр чиптаи хатсайри Душанбе - Маскавро барои яке аз хешовандонаш ба ивази 1800 сомонӣ харида буд: «Чанд рӯз пеш чиптаҳо то ду ҳазору сад сомонӣ ва айни ҳол то ду ҳазору 350 сомонӣ боло рафтаанд».
Масъулини нуқтаҳои фурӯши чиптаҳои ҳавоӣ сабаби асосии афзоиши нархи чиптаро зиёд будани талабот мегӯянд.
Зимнан, яке аз фурӯшандагони чипта дар назди бозори Шоҳмансури пойтахт аснои сӯҳбат бо хабаргузории Озодагон афзуд: «Азбаски моҳи сентябр омада истодааст, харидорони чиптаҳои ҳавоӣ махсусан аз ҳисоби донишҷӯён зиёд шудаанд. Ин сабаби асосӣ аст, ки тарифҳо қариб ҳар рӯз боло рафта истодаанд».
Нархи чиптаҳои ҳавоӣ аз ҷумлаи хизматрасониҳое, аст, ки ба иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон тайи нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳам то 40 фоиз қимат гардида буд.
Мӯҳр