Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк»дар Рашт филиали нави худро боз намуд.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз Хадамти матбуотии бонки мазкур иттилоъ доданд: «Бо ифтитоҳи филиали нав 83 нафар ҳамватанон соҳиби ҷойи кори нав гардиданд. Бояд зикр кард, ки бинои нави филиал ҷавобгӯ ба талаботи муосири бонкдорӣ ва дар асоси бренди ягонаи бонк бунёд гардида, бо навтарин таҷҳизоти техникиву идорӣ муҷаҳҳаз карда шудааст».
Дар маросими ифтитоҳи филиал масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Рашт, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказиву филиалҳои «Тоҷиксодиротбонк» ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Ҳамчуни, бо иштироки раисони ноҳияҳои Рашту Ҷиргатол аз ҷониби раиси ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»Тоҷидин Пиров дар маркази ноҳияи Ҷиргатол хишти аввали бинои филиали бонк гузошта шуд.
Мӯҳр