Бахшҳо

Мулоқоти Нуриддин Саидов бо ҳамтои беларусиаш дар Душанбе

Нуриддин Саидов, вазири маорифи кишвар бо ҳайати расмии Ҷумҳурии Белорус бо роҳбарии вазири маорифи он- Сергей Маскевич, ректори Донишгоҳи миллии техникии Белорус Сергей Хрусталев ва декани факултети ҳамкориҳои байналхалқӣ Юлян Ярмак мулоқот намуд.

Тавре аз Вазорати маориф хабар доданд, зимни мулоқот вазири маорифи  Белорус аз сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Минск ёдовар шуда, қайд намуд, ки президентҳои ду кишвар ҷиҳати ҷудо намудани квота барои донишҷӯёну аспирантон ба мувофиқа омада буданд. Аз ин рӯ, дар тақвият бо вохӯриҳои президентҳои ду кишвар ҳамкориҳоро дар ин самт бояд ҷоннок намуд.

Манбаъ афзуд, Сергей Маскевич ҳамзамон иброз дошт, ки акнун замоне расидааст, ки мушкилоти донишҷӯёни ду кишвар барои таҳсил аз миён бардошта шавад: «Вақти он расидааст, ки донишҷӯёну аспирантони кишвари шумо барои таҳсил ба ҷумҳурии мо фиристонида шаванд ва ё баръакс карда шавад.Мо ҳам ба мутахассисони тайёрмекардаи шумо ниёз дорем. Гап дар сари он ки имрӯзҳо нафароне ба Белорус барои мардикорӣ мераванд, ки ихтисосманд нестанд, аз ин рӯ, хуб мебуд, ин нукта минбаъд ба инобат гирифта шавад. Дар ин сурат мо метавонем онҳоро бо ҷои хоб, хӯрду хӯрок ва маоши хуб таъмин намоем».

Дар ин мулоқот Нуриддин Саидов вазири маорифи Тоҷикистон аз нақшаҳои ояндаи Вазорати маориф сухан гуфта, қайд намуд, ки шурӯъ аз соли 2014 низоми таҳсилот дар муассисаҳои олии кишвар пурра ба низоми кредитии таҳсилот мегузаранд. Инчунин, теъдоди омӯзишгоҳҳои касбӣ зиёд карда шуда, теъдоди муайяни хонандагон барои соҳибкасб шудан ба ин гуна муассисаҳо ҷалб карда мешаванд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)