Аз ҷониби кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ноболиғон бо гумони дуздӣ дастгир шуданд.
Дар ин бора ба «Озодагон» аз дафтари матбуоти Вазорати мазкур иттилоъ доданд.
Бино ба хабари манбаъ, дар ноҳияи Мастчоҳ бо гумони дуздӣ шаҳрванд Қурбоналӣ Назарови 25-сола ва ноболиғ Маликшариф Сайёди 16-сола дастгир карда шуданд.
Гуфта мешавад, ин ду нафар бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии Шариф Маликшоев гардида, аз он ҷо маблағи пулӣ ба миқдори 13 ҳазору 400 сомонӣ ва 9000-рубли русиро дуздидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр