Бахшҳо
20 сен 2012 04:57Рӯ ба рӯ

Нусратулло Давлатов: Ширкати сохтмонӣ аз писарам, бинои “Лаззат” аз бародарам аст

Ҷавобҳои раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Нусратулло Муқимович ба суолҳои хонандагони хабаргузории «Озодагон»

Давлатов Н.М.: Ташаккур ва миннатдории хешро ба хабаргузории «Озодагон» ва ҳамаи онҳое изҳор менамоям, ки дар ин сӯҳбат ширкати фаъол доштанд ва ба масъалаҳои андозу андозбандӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда, саволу дархости ҷолиб ва пешниҳодоти судманди худро ба мо ирсол намуданд. Итминони комил дорам, ки чунин саволу ҷавобҳо тавассути расонаҳои хабарӣ сатҳи дониши андозии шаҳрвандонро баланд мегардонад ва барои аз ҷониби шаҳрвандон дуруст дарк гардидани моҳияти андозу андозситонӣ, ки пеш аз ҳама барои таъмини амнияту ободонии кишвар ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шудааст, мусоидат менамояд.
Акнун омодаам ба суолҳои шумо посух гӯям.

(Аз хабаргузории «Озодагон»: Имло ва тарзи пешниҳоди суолу ҷавобҳо бетағйир гузошта шудаанд)

Суолдиҳанда: Amina23.07.2012 10:53
-Mухтарам раис! Кай ба мардум рахм мекуниву ба чои хар руз баландтар андозро ситондан, аз мардум камтар андоз меситони? Дар тули фаъолияти кориятон ба ки кумак кардаи? Дасти кадом бенаворо гирифтаи? Баъд аз вазифа сабукдуш шуданатон аз чи пушаймон хохи шуд? Дар назди вичдонатон аз чизе азият намекашед?

Давлатов Н.М.: - Ба маълумоти шумо мерасонам, ки мақомоти андоз салоҳияти аз пеши худ муқаррар намудани андозҳо ё худ баланд намудани меъёрҳои андозро надорад. Мутаассифона ҳастанд одамоне, ки дар чунин ақидаанд ва чунин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо аз тартиби муқаррар намудани андозҳо ва тағйир додани меъёри онҳо огаҳӣ надоранд.  Ва таҷриба нишон медиҳад, дар бисёр ҳолатҳо қонунвайронкуниҳо аз сабаби надонистан ва огаҳӣ надоштан аз қонунҳову қарорҳо ва тартибу дастурамалҳо ба миён меоянд. Бинобар ҳамин, бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ва ба доираи васеи андозсупорандагону шаҳрвандон расонидани қонунгузории андоз, гирифтани пеши роҳи аксари қонунвайронкуниҳои андоз имконпазир мебошад. Дар баробари ин, дуруст дарк намудани моҳияти андозҳо ба интизоми андозсупории андозсупорандагон низ таъсири мусбӣ мерасонад.
Инчунин мехоҳам таъкид созам, ки андозҳо тибқи тартиби муқарраршуда танҳо дар асоси Қонун муқаррар ва меъёрҳои онҳо зиёд ё кам карда мешаванд. Мақомоти андоз бошад, танҳо риояи қонунгузории андозро назорат менамоянд. Ва ман низ ба ҳайси роҳбари ин мақомот ваколати муқаррар намудан ё худ каму зиёд кардани меъёрҳои андозҳоро надорам.

Ба саволи дигаратон чунин посух медиҳам, ки дар тӯли фаъолиятам ба кӣ кӯмак кардаам, ё дасти кадом бенаворо гирифтаам, онҳо худашон медонанд. Зеро кори хайр ҷои таърифу тавсиф нест. Ҳамаи кори дунё пушаймонӣ дорад ба ҷуз кори хайру савоб ва инро ҳамагон хуб медонанд, аммо Иншооллоҳ, ки дар ҳама ҳолат дар назди виҷдонам аз чизе азият нахоҳам кашид. Чунки ҳар маблағи андозе, ки мақомоти андоз ҷамъоварӣ менамоянд, ба таҳкими амнияти кишвар ва манфиати аҳолии он, барои корҳои ободониву созандагӣ, маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақапулии пиронсолон сарф карда мешавад ва барои ман боиси қаноатмандист, ки дар ин кор саҳм дорам.

Суолдиҳанда: Собир 27.07.2012 10:12
-Мӯҳтарам Давлатов! Шунидам, ки шумо ширкатои сохтмонии зиёдеро доред, ки аз андоз комилан озод карда шудаанд. Вобаста ба хамин мавзӯъ чанд савол доштам:
1. Оё Шумо тасдик мекунед, ки вокеан якчанд ширкати сохтмони дар итоати Шумо карор доранд? Агар ха лутфан ширкатхои мазкурро номбар кунед.
2.Чаро ин ширкатхои сохтмонии Шумо аз андоз озод карда шудаанд?
3. Мегуянд, ки кахвахонаи бузурги "Лаззат"-и шахри Душанбе ба Шумо тааллук дорад ва он хам аз андоз озод аст. Оё ин рост аст?

Давлатов Н.М.: -Ба таваҷҷӯҳатон расонам, ки ширкати сохтмонӣ аз ман не, балки аз фарзанди ман аст ва он на расман ва на ғайрирасмӣ комилан аз андоз озод нест. Андозҳои муқарраршударо саривақт пардохт менамояд, инчунин ҳаминро гуфта метавонам, ки ӯ соҳиби маълумоти дахлдор ва мутахассиси соҳаи худ аст, аз қонунгузории андоз хабардор аст ва дар фаъолияти худ кӯшиш менамояд, ки ба қонунвайронкуниҳои андоз роҳ надиҳад.             

Оид ба қаҳвахонаи “Лаззат” ҳаминро бояд қайд намоям, ки бинои мазкур ба бародари ман тааллуқ дошта, дар нозироти андози маҳал ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Бинои он барои фаъолияти соҳибкорӣ ба шахси дигар ба иҷора дода шудааст ва ин тартиб ба қонунгузорӣ мухолифат наменамояд. Тибқи маълумоти мақомоти андоз ӯ андозҳоро дуруст ҳисоб ва сари вақт пардохт менамояд.
Роҳбарон ва кормандони вазорату кумитаҳои давлатӣ хизматчии давлатӣ ба ҳисоб мераванд ва тибқи қонунгузорӣ ҳуқуқи ба соҳибкорӣ машғул шуданро надоранд, аммо қонунгузорӣ ба соҳибкорӣ машғул шудани фарзандони онҳоро манъ накардааст.

Суолдиҳанда: Салимшо 27.07.2012 15:37
-Мӯҳтарам раиси кумитаи андоз! Агар мумкин бошад бигуед, ки дар як мох чанд сомони маош мегиред? Оё бо маоше, ки Шумо чун раиси кумитаи андоз мегиред сохтани чунин касре ки Шумо доред, имконпазир аст? Агар не касру кушкхои бузург аз кадом хисоб сохта мешаванд?

Давлатов Н.М.: - Маоши ман ҳам ба мисли дигар раисони Кумитаву ташкилотҳои буҷетӣ, на кам, на зиёд ва вобаста ба собиқаи корӣ мебошад. Хонаам ҳам қаср нест, ҳатто аз бисёр сокинони пойтахт хоксоронатар аст. Илова бар ин, таъкид менамоям, ки сохтмони хонаи истиқоматии ман то соли 2002 ба анҷом расида буд ва аз ҳамон сол ман дар он зиндагӣ мекунам.

Суолдиҳанда: Ilhomjon HAMIDOV23.07.2012 16:04
-Мухтарам Нусратулло Давлатов. Харчанд фаъолияти Кумитаи андоз пайваста дар ВАО мавриди тозиёнаи танкид карор мегирад, вале бо омадани Шумо кори он таквият ёфтааст. Ин нукта бебахс. Саволи ман чунин аст: Яке аз хешовандони наздики мо 90 м квадрати дар шахри Душанбе манзилу замин (хавли) дорад. Аз руйи хамин меъёр кариб 30 сол аст андози давлати месупорад, боре хам карздор нашудааст. Имруз уро зарурат аст, ки хонаро ба номи худаш ба расмият дарорад, вале тавре маълум шуд, мувофики шартномаи хариду фуруши хона аз соли 1965 масохати хона хамаги 19 м квадратиро ташкил медодаасту халос. Солхои 2007-2009 хонаашро бино бар бехабар мондан ба расмият надаровард (легализатсия нашудааст). Дар МБТИ мегуянд, ки мо факат хамин 19 м квадратиро ба номи у ба расмият медарорем.
Шунидем, ки Суди нохияви хак дорад дар асоси ариза ин масъаларо ба фоидаи сохибмулк хал кунад. Чун мурочиат кардем, гуфтанд ягон хуччати расми нест, вале супориши дахони шудааст, ки чунин масъалахоро дигар хал ва барраси накунед. Пас, чи бояд кард? У 35 сол аз руйи масохати 90 м квадрати андози давлат супоридааст, вале имруз магар ин хама беэътибор дониста мешавад?
Каблан ташаккур!

Давлатов Н.М.: - Ташаккур барои саволатон. Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки мутобиқи банди 3-и моддаи 330-и Кодекси андоз, маблағи андоз аз молу мулки ғайриманқул нисбат ба объектҳои сохтмонашон хотимаёфта, ки амалан истифода мегарданд, ҳисоб карда мешавад. Ҳатто агар объектҳои андозбандии андоз аз молу мулки ғайриманқул дар қайди дахлдори давлатӣ гузошта нашуда ва ба онҳо ҳуҷҷатҳои дахлдори техникӣ ё дигар ҳуҷҷат ба расмият дароварда нашуда бошад ҳам. Паҳлӯи дигари дархости Шумо берун аз ваколатҳои мақомоти андоз аст ва бояд аз тарафи мақомоти судӣ ҳал карда шавад.

Суолдиҳанда: Мехр Собириён23.07.2012 17:23
-Чаноби Давлатов, лутфан бигуед ки чаро супоридани андоз барои ман ки аз руи шаходатнома андоз месупорам ин кадар мушкил аст ва вакти бисёр мегирад? Барои супоридани андози худ ки 325 сомонро ташкил мекунад ман бояд дар 4 чой навбат биистам (1. Дар назди хазина, 2. Дар назди компютер барои аз кайд гузаштан. 3. Дар назди раиси шуъбаи нохиявии андоз барои имзо (?). 4. Дар назди куратор.) Намешавад ки ман пулро дар хазина супораму хисоботхои худро ба куратор дода равам ва имзои нодаркори раису аз кайд гузарониданро худашон бе мо ҳал кунанд?

Давлатов Н.М.: - Мақомоти андоз пайваста барои он мекӯшанд, ки сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагонро хубтару беҳтар намоянд. Бо фармони раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 12.05.2010 №107 «Стандартҳои ягонаи давлатии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон»  тасдиқ карда шудааст.     Мутобиқи рамзи 05.01.01 Стандартҳои мазкур ҳар як эъломияи андоз аз андозсупорандагон аз тарафи нозири мутасаддӣ дар муддати на зиёда аз 15 дақиқа бояд қабул карда шавад (бе назардошти вақти дар навбат сарфшуда).

Инчунин, фармони раиси Кумитаи андоз аз 27.07.2010 №168 ба имзо расонида шудааст, ки мутобиқи фармони мазкур тартиби қабули эъломияҳои андоз аз ҷониби шахсони мутасаддии мақомоти андоз тасдиқ гардидааст ва риояи он аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи андоз пайваста назорат карда мешавад.
Ҳамзамон, қайд кардан ба маврид аст, ки бо фармоиши раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 19.09.2011 №8-Ф «Тартиби пешниҳоди эъломияи андоз дар шакли электронӣ» қабул гардидааст. Ҳангоми доштани имконияти техникӣ Шумо метавонед, эъломия ва ҳисоботҳои худро бе ташриф овардан ба мақомоти андоз ба таври электронӣ пешниҳод намоед.

Суолдиҳанда: Ворис24.07.2012 09:30
-Салом чаноби Давлатов! Ман хамчун як шахрванди одди ба Шумо хамчун Раиси як идораи моли як савол дорам. Лутфан, гапро ба дигар чониб набареду мушаххасан чавоб гуед. Чаро дар сохторхои нозироти андоз, аз нохияву шахрхо сар карда, то худи Кумита 90 фоизи кормандон аз як минтака- чануби Точикистон мебошанд. Таври мисол аз худат сар карда, ба рохбарони дигар хам?

Давлатов Н.М.: -Ин рақами овардаи Шумо нодуруст аст.
Ман бо тамоми масъулият изҳор менамоям, ки аксарияти кулли кормандони нозиротҳои андоз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ на аз минтақаи ҷануби Тоҷикистон, балки аз худи ҳамон шаҳру ноҳияҳо мебошанд.  Дар мақомоти андоз ба кор қабул намудан тавассути озмун сурат мегирад ва диққати асосӣ ба дониши довталабон дода мешавад, на ба маҳалли ҷойи таваллуд ё зисти довталаб.

Суолдиҳанда: BAKHA27.07.2012 04:37
-ҶАНОБИ РАИС МАЪЮБОНИ ГУРӮХИ 2 ДАР ТОЧИКИСТОН ДАР СУПОРИДАНИ АНДОЗ (ТАМОМИ НАМУДАШ) ЧИ ХЕЛ ИМТИЁЗХО ДОРАНД, АГАР БАРХУРДОР НАГАРДАНД БА КУЧО МУРОЧИАТ КУНАНД? ПУРРА БА ТАРИКИ КОНКРЕТИКИ ЧАВОБ ДИХЕД...

Давлатов Н.М.: -Дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ намудани маъюбон як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шудааст, аз ҷумла:
1. Мутобиқи банди 1) қисми 2 моддаи 139 Кодекси андоз маъюбон аз давраи кӯдакӣ ва маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 ҳуқуқ доранд аз даромади андозбандишавандаи андоз аз даромад барои ҳар моҳи соли андозӣ дар ҳаҷми 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо тарҳ намоянд (айни ҳол 40х10=400 сомонӣ).

2. Мутобиқи банди 2) қисми 2 моддаи 145 Кодекси андоз  корхонаҳое, ки дар онҳо дар як вақт дар соли ҳисоботии андоз на камтар аз 50% шумораи кормандонро маъюбон ташкил медиҳанд ва на камтар аз 50% маблағҳои музди меҳнат ва дигар таъминоти моддӣ, аз ҷумла натуралӣ, барои эҳтиёҷоти маъюбон сарф карда шудааст, бо андоз аз фоида андозбандӣ карда намешаванд.

3. Мутобиқи банди 11) қисми 2 ва банди 9) қисми 4 моддаи 211 Кодекси андоз фурӯши маҳсулоти махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон ва воридоти маҳсулоти махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон мувофиқи номгӯе, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, аз андози арзиши иловашуда озод мебошанд.
4. Мутобқи бандҳои 15) ва 17) Кодекси андоз қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳое, ки барои сохтмони манзил ба маъюбони ҳамаи гурӯҳҳо ҷудо карда шудаанд, дар ҳолати мавҷуд набудани аъзои оилаи қобили меҳнат ва заминҳое, ки барои корхонаю ташкилот ҷудо карда шудаанд, агар на камтар аз 50 фоизи кормандони онҳоро маъюбон ташкил диҳанд, аз андози замин озод карда шудаанд.

5. Мутобқи банди 4 моддаи 333 Кодекси андоз мотоколяска ва автомобилҳои бо даст идорашавандаи ба маъюбон тааллуқдошта аз андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт озод мебошанд.

Суолдиҳанда: TjkBakh02.08.2012 15:24
-Дӯстон, биёед суолхое дихем, ки вокеи бошанд ва ягон масъаларо хал кунанд. Хуб мешуд ин суолро бо ёрии Нусратулло Давлатов ба вакилчонхоямон дар парлумон, ки барои интихобашон худамон овоз додаем равона созем. Дар хакикат андозхоямон хеле гарон хастанд ва садди рохи тараккиёти иктисодиёт хастанд. Ин фактест, ки спору неподлежить. Точикистонро мебояд ба конунгузории ягон давлат такя ё аз он рубардори накунаду асояшро ба ягон рушнои занад :) Раиси мухтарам, хуб мешуд дар бораи кодекс ва умуман системаи андоз фикри Мачлиси намояндагиёнро як тараф гузореду аз хисоб кормандони болаёкати андоз як гурухе созед, ки хамачиро реали дида бароянд ва роххову дигар чорахо андешанд, то хам ба давлат зиён нашавад ва хам ба халк зур наояд. Ба хама маълум аст, ки вакилонамон кариб ки бекорхуча хастанду конун карорхое кабул мекунанд, ки баъзеаш сабабгори "упушенная выгода" мегардад. ин хам фактест ки бахснопазир аст.

TjkBakh02.08.2012 15:14
-1. намешавад, ки дар Точикистон андозхои мавсими чори кунем. Тобистон вакти овардани нурихои минерали (селитра ва г.), сузишвории дизели - ки таъиноти хочагии кишлок доранд бояд аз ааи озод шаванд. Он гох дехкон зиёдтар аз ин мавод истифода мебарад ва хосили бештар (сарчашмаи иловагии андоз) медихад. Дар охир аз хисоби нисбатан зиёдтар фуруши молу махсулоташ боз хамон маблаги ААИ-е, ки гуё аз даст рафта буд боз ба буча ворид мешавад. Хубиаш хамин, ки мубодилаи мол зиёд мешавад ва ба дехкон хам хеле хуб аст.

Механизмашро фикр карда баромадан мумкин. Албатта ки кори кормандони андоз зиёд мешавад. Лекин чун дар ояндаи наздик сохаи андоз пурра бояд ба шабакаи хоси компютери (ба мисли портали гумрук) дарояд он вакт ба кормандони андоз кори кам мемонад ва онхоро барои назорати андози мавсими сафарбар мекунед. Хуб мешуд не нагуфта, ин масъаларо фикр карда мебаромадед ё пеши институтхои илми мегузоштед. Вокеан, кай макомоти андоз компютери мешавад (манзурам ба мисли хамон портали гумрук)?

2. Андоз аз васоити наклиёт ба сари сузишвори бор шавад хубтар ва одилона мешуд, Шумо чи фикр доред? Миннатдорам.

Суолиҳанда коргар.888806.08.2012 17:01
-Мухтарам хамаи иштироккунандагони озодагон ин гапои шумо чи маъно дорад!!! Шумо ба чои дастгириатон пофишори мекунен номзадора--- саволи дуруст тиен чавоби аник гирен Мухтарам Давлатов 21 намуди андозро ба 10 намуд мегардона ин хам хизмати ин шахс аст шумо савол кунен, ки ин 10 намуди андоз кадомхоянд ба фоидаи халк аст ё???

Ф.С.Б.27.07.2012 09:49
-Салому алайкум ва рахматуллохи ва баракотуху, раис Давлатов мешуд, ки андози чумхуриамонро бо як таври сабук муайян мекарданд нихоят хуб мешуд, ин ба мардуми азият кашидахам фоидаи хубе мешуд, лек дар андоз ситонону дар хукумат, хакикат намондааст, гамхори барои мардум нест, хатто андозро пура меруенед мегиреду ба чумхури бехбудие накунед, ин аз руи ноадолатист,,,

Давлатов Н.М.: -Аз сабаби он ки саволҳои Ф.С.Б., TjkBakh, коргар.8888 ва andoz  мазмунан якранганд, ин ҷо ба саволҳои зикршуда дар якҷоягӣ ҷавоб мегӯям.
Қобили қайд аст, ки Роҳбарияти давлату  Ҳукумати Ҷумҳурӣ,  дар қатори вазифаҳои стратегии рушди мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани фазои боз ҳам мусоиди соҳибкорӣ, аз ҷумла дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ бо роҳи ислоҳоти маъмурикунонии ҷории андоз, ба инобат гирифтани манфиатҳои соҳибкории қонунӣ, соддагардонӣ ва оммафаҳму дастраси умум гардонидани қонунгузории андоз, инчунин тартиби соддакардашудаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба вазорату идораҳо дастуру супоришҳои дахлдор медиҳанд.

Бояд қайд намуд, ки аз соли 2005 (аз қабули Кодекси андози амалкунанда) то ин ҷониб ба  Кодекси андоз 14 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки мақсади асосии тағйиротҳои мазкур аз як тараф ба талаботи рушди рузафзуни иқтисодиёт ҷавобгӯ намудани Кодекси мазкур бошад, аз тарафи дигар содда ва оммафаҳм намудан, инчунин пешбинӣ намудани имтиёзҳои иловагӣ бо мақсади дастгирии соҳибкорон аст. Тибқи супориши паёмии Сардори давлат меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 20 то 18 фоиз ва меъёри андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ (ба истиснои соҳаи хизматрасонӣ) аз 25 то 15 фоиз кам карда шуд. Айни замон дар Кодекси андози амалкунанда барои ҳар як намуди фаъолият имтиёзҳои дахлдори андозӣ пешбинӣ гардидааст.
Бо мақсади дастгирии соҳибкорон илова ба имтиёзҳои пешбининамудаи Кодекси андоз дар асоси дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ низ имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ гардидааст.
Илова бар ин, бо мақсади дастгирии соҳибкорон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” аз 19 майи соли 2009  таҳти №508 қабул гардид.

Қонуни мазкур бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро аз рӯи принсипи “Равзанаи ягона” ба роҳ монда анҷом додани амали бақайдгириро дар муқоиса ба қонуни қаблӣ то ҳадди охирин содда гардонид,  аз ҷумла мӯҳлати гузаронидани амали бақайдгирӣ аз 40-45 рӯз то ба 5 рӯз ва барои соҳибкорони инфиродӣ то 3 рӯз кам карда шуд ва ғ.  
Илова ба дастгирӣ ва имтиёзҳои дар боло овардашуда Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.09.2011 таҳти №1146 «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба имзо расидааст.

Ҷиҳати иҷрои супориши Сардори давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2011 лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав аз ҷониби Комиссияи ҳукуматӣ, ки ба он намояндагони ҳамаи вазорату идораҳо, инчунин намояндагони ассотсиатсияҳои дастгирии соҳибкорӣ шомил шуда буданд, таҳия гардида, дар асоси дастуру супоришҳои паёмии Сардори давлат аз 20 апрели соли ҷорӣ ва муқаррароти Протоколи машварати васеи кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2012 (№10/12.1-8) аз тарафи Гурӯҳи кории ҳукуматӣ мукаммал гардонида шуд.

Бояд қайд намоям, ки лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав бо назардошти таклифу пешниҳоди сершумори андозсупорандагон ва ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ таҳия гардидааст. Аз ҷумла,  зиёда аз 2500 адад таклифу пешниҳоди андозсупорандагон ба Кумитаи андоз ворид гардид, ки пешниҳодҳои мазкур мавриди омӯзиши Кумита қарор дода шуда, қисми зиёди онҳо вобаста ба талаботи пешниҳодгардида мунтазам ба Комиссияи корӣ барои баррасӣ пешниҳод карда шуда,  аксаран дар лоиҳаи мазкур ба инобат гирифта шудаанд.
Дар лоиҳаи Кодекси андоз бо максади кам кардани шумораи андозҳо бо роҳи хориҷ намудан ва дар низомҳо муттаҳид намудани андозҳои бо ҳам алоқаманд, шумораи андозҳо аз 21 намуд то 10 адад кам карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки ягон андозсупоранда аз рӯи фаъолияти худ (чӣ шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ) супорандаи ҳамаи намудҳои андоз шуда наметавонад ва вобаста ба ӯҳдадориҳои андозии бамиёномада андозҳоро пардохт менамояд. Аксари андозсупорандагон  ба ҳисоби миёна  танҳо аз 2 то 6 намуди андозро пардохт менамояд.
Солҳои охир якчанд муқаррароти Кодекси андози амалкунанда  мавриди баҳс карор дошт, аз он ҷумла истифодаи музди меҳнати миёнаи номиналии коргарони кироя барои ҳисоби андози даромад ва андози иҷтимоии кормандон, пешбинӣ нагардидани ҳуқуқи баҳисобгирии андози аксизӣ аз рӯи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ, ки ин муқаррарот дар лоиҳа ба инобат гирифта шуда, роҳи ҳалли худро ёфтаанд.

Дар баробари пешбинӣ шудани имтиёзҳои иловагии андозӣ, бо мақсади кам намудани гаронии андоз, андоз аз фурӯши чаканаи молҳо ва андози ҳадди ақал аз даромадҳо аз номгӯи андозҳо хориҷ ва супорандагони андози тибқи низоми соддакардашуда аз андоз аз арзиши иловашуда  озод карда шуданд.
Шумораи эъломияҳои андоз 40 фоиз, шумораи ҳисоботҳои андоз 60 фоиз ва шумораи пардохтҳои андоз  43  фоиз  кам карда шуд. Шумораи умумии моддаҳо аз 359 адад ба 326 адад ва шумораи истинодҳо аз 384 адад ба  176 адад кам карда шуд. Илова бар ин, меъёри андози иҷтимоӣ ба аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ аз 15 сомонӣ то 10 сомонӣ паст карда шуда, воридоти таҷҳизот аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда пурра озод карда шуд.

Дар ҳақиқат, системаи андоз бояд аз як ҷониб  эҳтиёҷоти давлат ва ҷамъиятро бо захираҳои молиявӣ таъмин намуда, аз ҷониби дигар садди роҳи рушди фаъолияти соҳибкорӣ нагардад ва соҳибкоронро барои ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои таъминкунандаи самаранокии фаъолияташон  ҳавасманд  намояд. Аммо, бояд қайд намоем, ки зиёд гардидани шумораи имтиёзҳои андозӣ боиси он мегардад, ки меъёри андозҳо барои дигар андозсупорандагон мутаносибан меафзояд, хусусан андоз аз арзиши иловашуда, ки ба харидори дигар имконияти баҳисобгириро намедиҳад ва гаронӣ меорад. Бинобар ҳамин, ҳангоми муқаррар намудани имтиёзоти андозӣ бояд ҳамаи паҳлӯҳои масъала дақиқ омӯхта, танҳо пас аз он хулоса бароварда шавад.

Суолдиҳанда: Равшан13.08.2012 19:08
-Шурӯъ аз соли 1992 то имруз коре,ки Нусратулло давлатов дар сохаи андози ЧТ анчом дод ягон раиси Кумитаи андоз накардааст, агар далел мехохед таърихи сохаро варак занеду худ хулоса бароред.Дар мавриди интихоби кадрии сохаи мазкур низ ин Шахсият хеле нуктасанч ва тачрибаи бой дорад. Давлату савлаташ хам, аз мехнату кори сахех манша гирифта, тули чандинсолахо зиёд шудааст. Ширкатхо дорад, вале андозашро низ месупорад. Хавои сухан гуфтан хуб нест. худ казоват кунед,ки У якумр раиси кумитаи андоз нест ку хама кор саволу чавоб дорад. харчи гуфтам холисона гуфтам.

Ман савол надорам танхо як пешниход дорам;-Кормандонатонро таъкид кунед ва сахт назорат баред то кабули хисоботхоро бо бахонахои гуногун (ки хадафи аслии онхо тамаъ мебошад) нагардонад. Ин холат дар тамоми нозиротхо вучуд дошт дорад агар пешгири накардед боз боки хохад монд. Ман хакикатро мегуям бисанчед, аник кунед, рохи чабру зулмро бигиред. Ман медонам, ки наздики 2000 корманди сохаи андоз фаъолият дорад, лекин сабаби аслии арзу шикояти мардум. ки баъзан чор меандозанд андоз боло рафтааст, ана хамин мебошад.Танхо як мисол меорам дар нозироти андози....н..ш.душанбе дар бисёр холат барои кабули хисоботи хармохаи шаходатномаи сохибкор (ширкати сохтмони) то 200 сомон талаб мекунанд, ё коре мекунанд, ки сохибкор пулро медихад. ана хамин аст иллати пеш нарафтани кор. ман бовари дорам шумо рохи халли ин масъаларо меёбед. Барори кор, худо 10 соли дигар раиси кумитаи андоз бимонед

Давлатов Н.М.: -Чуноне, ки аллакай дар боло қайд намудам, баҳри такмил додан ва дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, кам кардани омилҳои коррупсионӣ ва барои андозсупорандагон содда гардонидани равандҳои андозсупорӣ, бо фармони Кумитаи андоз аз 12.05.2010 таҳти №107 “Стандарти ягонаи давлатии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон” тасдиқ карда шуд. Қабули стандарти ягонаи хизматрасонӣ имконият медиҳад, ки андозсупорандагон бо тартиби ҳаддалимкон соддакардашуда ва дар камтарин фурсатҳои имконпазире, ки бо санади мазкур тасдиқ шудаанд, дар қайди андоз истанд, ҳисобот пешниҳод намоянд, ахбороти заруриро аз мақомоти андоз дастрас созанд ва дар маҷмӯъ аз хизматрасониҳои мақомоти андоз дар сатҳи замонавӣ бархӯрдор бошанд.

Дар лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав бо таври электронӣ пешниҳод намудани ҳисоботҳои андозӣ пешбинӣ гардидааст, ки айни замон зиёда аз 150 андозсупоранда, аз ҷумла 3 соҳибкори инфиродӣ эъломияҳои андози худро ба таври электронӣ бе ташриф овардан ба нозироти андоз пешниҳод менамоянд. Бояд қайд намоям, ки ба таври элекронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андоз хароҷоти андозсупорандагонро вобаста ба пардохти андозҳо кам гардонида омилҳои каррупсиониро аз байн мебарад.

Суолдиҳанда: Мирзобек15.08.2012 10:53
-Мухтарам раис! Шунидам ки барои нашрияхо 25 фоиз андози иловаги чори кардаед. Андозе, ки дар Кодекси андоз нишон дода нашудааст. Чопхонахо мачбуранд ин 25 фоизро ба болои нашрияхо бор кунанд. Ин сиёсати Шумо барои пур намудани буча нигаронида шудааст ва ё барои муфлис гардонидани нашрияхо? Лутфан хамин карори худро шарх дихед? Андози 25 фоиза барои нашриязо барои чи аст ва бо чи максад чори карда мешавад?

Давлатов Н.М.: - Чуноне, ки дар боло қайд намудам, Кумитаи андоз салоҳияти ҷорӣ намудани андозҳои нав ё ин, ки бекор кардани ягон намуди андози амалкунандаро надорад. Андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ андози нав нест ва ин намуди андозро Кумитаи андоз иловагӣ ҷорӣ накардааст. Бекор кардан ё тағйир додани андозҳои амалкунанда бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҳангоми қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз” анҷом дода мешавад.

Мутобиқи моддаи 144 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ барои корхонаҳои соҳаи нақлиёт, алоқа, хизматрасонӣ ва бонкҳо 25 фоиз ва барои дигар (андозсупорандагон) намуди фаъолият 15 фоиз муқаррар карда шудааст. Илова бар ин, мутобиқи «Номгӯи ягонаи намудҳои фаъолияти иқтисодии Тоҷикистон» фаъолияти нашриётӣ бо рамзи D22200 ва бо зеррамзи D22210 гурӯҳбандӣ шуда, ҳамчун фаъолияти хизматрасонӣ эътироф карда шудааст.
Аз ин рӯ, фоидаи нашрияҳо ҳамчун хизматрасонӣ бо меъёри 25 фоиз андозбандӣ карда мешавад.

Суолдиҳанда:  Масъуд15.08.2012 11:12
-Дар тамоми Точикистон барои замин андози ягона чори карда шудааст. Масалан дар Вахш аз замини оби 7-8 дарав алафи юнучка гирифта мешавад. Дар заминои санглохи водии Зарафшон бошад дехкон на зиёда аз 3 дарав чунин алаф мегирад. Вале хама як хел андоз месупоранд. Чи бояд кард то хукуки дехкони дар замини санглох буда поймол нашавад ва андози замини санглох камтар карда шавад?

Он гуна ки медонем, арзиши барк нихоят гарон асту солхои охир хатто заминхое, ки аз хисоби пойгоххои обкаши обёри карда мешаванд, лалми шудаанд. Барои осон шудании кори деон хуб нест, ки арзиши об низ бар болои андози замин хамрох карда шавад?

Давлатов Н.М.: - Тибқи муқаррароти қисми 2 моддаи 265 Кодекси андоз асос барои муайян намудани андози замин ҳуҷҷатҳои замину кадастрии истифодабарандаи замин ба ҳисоб меравад. Ҳамасола аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор - Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи вазорату кумитаҳои марбута меъёри андози замин ва андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ бо назардошти сатҳи таваррум ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, қарори дахлдор қабул карда мешавад. Дар қарори мазкур гурӯҳбандии заминҳо ба инобат гирифта мешавад.
Барои заминҳои обӣ, обёрии мошинӣ ва лалмӣ меъёрҳои гуногун нишон дода шудааст. Инчунин бо назардошти сатҳи ҳосилнокии замин маблағи андоз низ барои ҳар ноҳия ҳар хел муқаррар карда шудааст.  

Мутобиқи муқаррароти моддаи 9 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб донистани заминҳо ба гурӯҳҳо ва аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар гузаронидани онҳо ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст. Дар сурати тибқи тартиби муқарраршуда дигар намудани категорияи қитъаҳои замин, ҳангоми ҳисоб намудани андоз ба инобат гирифта мешаванд.
Бинобар ин, ҷиҳати ҳалли масъалаи бамиёномада бояд дар назди  ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ва мақомоти маҳаллии Кумитаи заминсозӣ масъалагузорӣ карда шавад.

Суолдиҳанда: Дехкон аз Панчакент15.08.2012 11:21
-Салом мухтарам Давлатов! Соли 2011 заминхои хочагихои моро анкариб пурра селоб пахш намуда, корношоям гардонид. Комиссияи махсуси хукумати дар якчояги бо Кумитаи холатхои фавкулода замини моро дида хаматарафа омухта, корношоям эълон карданд ва соли 2011 мо дар ин замин кишт гузаронида натавонистем. Вале новобаста ба Карори комиссияи Хукумати ва хулосаи Кумитаи холатхои фавкулода Кумитаи андози нохияи Панчакент аз заминхои селобпахшкардае, ки дар он умуман кишт гузаронида нашуда буд, андоз ситонид.

1. Чаро Кумитаи андоз хулосаи комиссияи Хукумати ва кумитаи Холатхои фавкулодаро эътироф намекунад? Ё Кумитаи андоз аз хама Хукумату Конун боло меистад?
2. Факат кормандони кумитаи андози нохияи Панчакент карори Хукумат ва хулосаи Кумитаи холатои фавкулодаро ичро намекунанд ва ё тамоми хадамоти андози чумхури аз конун боло меистад ва хукуки дехконро поймол мекунанд?

Давлатов Н.М.: - Мутобиқи талаботи  қисми 7 моддаи 307 Кодекси андоз ҳангоми рух додани офатҳои табиӣ ё  садама бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳудуди муайян ё барои андозсупорандагони муайян мумкин аст кам карда шавад. Яъне тибқи талаботи Қонун мақомоти андоз ҳуқуқ доранд, танҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гиранд. Аз ин рӯ, санади комиссияи ҳукуматӣ ва хулосаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бояд ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули қарори дахлдор пешниҳод карда шавад.

Суолдиҳанда: Сохибкори чавон22.08.2012 10:26
-Мухтарам Нусратулло Мукимович,
1. Мувофиқи барномаи рушди ҷавонон дар ҶТ (шояд номи ҳуҷҷат дуруст набошад, аммо бовар дорам Шумо мефаҳмед чиро дар назар дорам), барои ҷавонони соҳибкор сабукиҳои муайяне пешбинӣ шудааст. Аз он ҷумла, корхонае, ки дар он 75% ва бештар ҷавонон кор мекунанд, андоз аз даромад ва дигар андозҳоро метавонанд то 50% камтар супоранд. Аммо чаро то ҳол ин талаботи ҳуҷҷати қонунӣ дар амал иҷро намешавад?!

2. Чанд сол боз мешунавем, ки системаи электронии ҳисоботи андоз ҷорӣ мешавад. Мо, андозсупорандагон, кай онро мебинем?! Аз як тараф, ин иҷро накардани ваъдаю нақшаҳо ва барномаҳост, аз тарафи дигар, мо, андозсупорандагон, ба куҷо рафтани пули ба буҷа додаамонро намедонем, чунки танҳо ваъда ҳасту халос.

3. Чаро Кодекси нави андоз дар муддати чанд сол ҷорӣ мешавад, на якбора?! Чунин таҷрибаро шахсан ман дар ёд надорам: қонун агар амалӣ мешавад, пас ба таври комил, на ҷузъӣ. Агар қонуне қувваи қонунӣ гирифт, он қонуни кӯҳнаро бояд иваз кунад, дар ҳоле ки мо дорем барои муддате ду қонун якҷоя амалӣ мешавад, ки ин низ ғайримантриқист.  Агар ҳам чунин қарор қабул шудааст, пас кӣ ба мо мефаҳмонад, ки кадом қисми он кай қувваи қонунӣ мегирад?!

Давлатов Н.М.: - Имтиёзҳои андозӣ  вобаста ба ҳама гуна андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллӣ дар асоси талаботҳои  Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.     Дар айни замон нисбати ҷавонони соҳибкор ва ё корхонаҳое, ки бештар аз 75% коргарони онро ҷавонон ташкил медиҳанд дар Кодекси андоз ягон хел имтиёз пешбинӣ нагардидааст.  Дар бораи ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳо ман пештар ҷавоб додам.

Суолдиҳанда:  Мафтунабону24.08.2012 16:58
-Ман бо дипломи олии хатми Донишкадаи андоз ва хукук (дипломи сурх) дар хона нишастаам, маро ба кор кабул мекунед???? Аз тамоми навгонихои муосир ва Кодексхои андози кишвархои Оситёи Марказиву Русия, Гурчистон ва Хитой огахии комил дорам. Рахмат

Давлатов Н.М.: - Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар асоси муқаррароти моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” кормандони мақомоти андоз хизматчиёни давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин хотир, тибқи талаботи “Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ”, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 майи соли 2009 №659 тасдиқ шудааст, ба кор қабул намудан дар хизмати давлатӣ танҳо тавассути озмун сурат мегирад. Ба ҳисоби миёна ҳар як семоҳа дар сурати мавҷуд будани ҷойҳои кори холӣ дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун гузаронида мешавад. Эълони озмун, номгӯи мансабҳои холӣ ва талаботи озмун дар рӯзномаи соҳавии “Боҷу хироҷ” нашр карда мешавад. Аз ин рӯ, Шумо метавонед барои ишғоли мансабҳои холии дар мақомоти андоз мавҷудбуда дар озмунҳо иштирок намоед ва дар сурати ба саволҳои Комиссияи озмунӣ ҷавобҳои дуруст додан, дар мақомоти андоз бо кор таъмин карда мешавед.

Суолдиҳанда: Сиёвуш 24.08.2012 16:59
-Аз ончое, ки пардохти андоз ба таври электрони сурат хохад гирифт, ихтисори кормандони Кумитаи андозро ба манфиъати бучет намедонед?

Давлатов Н.М.: - Ба системаи электронии қабули эъломияҳо ва ҳисоботҳои андоз гузаштани мақомоти андоз вақти зиёдро талаб мекунад. Ин на танҳо аз кормандони мақомоти андоз, инчунин аз масъулияти баланди андозсупорандагон вобаста аст. Дар сурати пурра ба даст омадани чунин имконият, ихтисори шумораи кормандон, ки албатта ба нафъи буҷети давлат аст, зина ба зина амалӣ карда мешавад.

Суолдиҳанда: Рахим Мансуров 24.08.2012 17:07
-Мӯҳтарам Давлатов, дар сурати муфлис (банкрот) шудани корхона, агар аз андоз қарздор бошад, тақдираш чӣ мешавад? Фарзан, ҳама дороиашро барои баргардондани қарзи сармоягузорон ё қисми андоз фурӯхту, дигар чизе надорад?

Давлатов Н.М.: - Масъалаи муфлис эътироф намудани корхона, фурӯши дороиҳо ва пӯшонидани қарзҳои он мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муфлисшавӣ” бо тартиби судӣ амалӣ карда мешавад. Талабҳои кредиторон аз ҷумла талаботи мақомоти андоз оиди пӯшонидани қарзҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ мутобиқи тартиби муқарраркардаи  моддаи 78-и қонуни мазкур қонеъ гардонида мешаванд. Тибқи моддаи 81 қонуни зикргардида талабҳои кредитороне, ки бо сабаби нокифоягии амволи қарздор қонеъ гардонида нашуданд, пардохтшуда дониста мешаванд (Дар ҳолате, ки талаби мақомоти андоз ҳамчун кредитор қисман қонеъ гардонида шудааст, макомоти андоз ҳуқуқ дорад, нисбати шахсоне, ки амволи қарздорро ғайриқонунӣ аз худ намудаанд, бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб пешниҳод намояд).

Дар интиҳои сӯҳбат бори дигар ба кормандони хабарнигории “Озодагон” ва ба ҳамаи онҳое, ки дар мусоҳиба иштирок намуданд, миннатдории худро изҳор менамоям.

Мақомоти андози Ҷумҳурӣ дар як давраи бисёр ҳассос қарор доранд. Вобаста ба оғози татбиқи «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2015» таҷдиди сохтори мақомоти андоз аз рӯи принсипи функсионалӣ оғоз гардидааст, ки он ҳам бошад, аслан ба боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва тақвият бахшидан ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тавзеҳотӣ нигаронида шудааст.

Тибқи тартиби муқарраршуда Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул шуд, ки он аз оғози соли оянда мавриди амал қарор дода мешавад. Чуноне, ки дар боло қайд намудам, матни Кодекс соддатар, муқаррароти он камтар, маъмурикунонии андоз соддатару шаффофтар карда шуда, барои соҳибкорон ва пеш аз ҳама барои молистеҳсолкунандагони ватанӣ як қатор имтиёзоти андозӣ пешбинӣ карда шудааст.

Мақомоти андоз барои он кӯшиш менамоянд, ки муносибатҳои андозӣ бо андозсупорандагон дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибатҳои шарикона сурат гирад. Зеро танҳо дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ мо метавонем Ватани ягонаи худро обод созем ва барои зиндагии сазовори наслҳои ояндаи хеш заминаҳои устувор эҷод намоем.

Хонаободу сарбаланд бошед.  

















































Мӯҳр
мардум аз ту норизо буд ва хохад монд чаноб раис.

Курбонали Нуров
Ман истикоматкунандаи н Ховалинг мехохам дар нозироти андози нохияи Восе е Ховалинг бо таври озмун кабул намоед лекин озмун бо таври шафоф ва бо вичдони пок гузаронида шавад. Аз шумо масулони ин озмун хохиш мекунам агар ягон чои холи шуд илтимос овоз дихед маълумотам олии иктисоди 6_сол дар Амонатбони н Ховалинг хазинадор, муовини сармухосиб , мухосиб оиди маблагхои бучети , сармухосиб тохол кор мекунам. тел 918-95-78-28 умедворам аз худованд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)